Arzon march 2024
ЗАНҲО, ЭҲТИЁТ ШАВЕД, ТИЛЛОДУЗДӢ АВҶ МЕГИРАД!
3014


Моли кас ба кас насиб намекунад мегӯянд, вале вақтҳои охир баъзе одамони бевиҷдоне пайдо шудаанд, ки дар пеши чашми дигарон моли мардумро ба яғмо мебаранд.

Ин тоифаи дуздон чунон бераҳм ва бе шафқат ҳастанд, ки пинҳонӣ рабудани пулу телефони мобилӣ он тараф истад, ошкоро аз гӯш ва гардани занону духтарон гӯшвораю гарданбандҳои тиллиро канда мегиранд. Дуздони авбоше низ ёфт мешаванд, ки дар сурати муқобилият кардани соҳиби мол ҳатто аз теғ задан ва куштори ваҳшиёнаи шахси бегуноҳ ҳазар намекунанд.

Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як ҷавони 27-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми дуздию авбошӣ хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, боздоштшуда қаблан суд шудааст, вале ба ҷойи аз хатои худ панд гирифтан, дубора даст ба ҷиноят зада, тамоми дороии як ҷавонзани 25-соларо ба яғмо бурдааст.

Ҳодиса рӯзи 29-август дар маҳаллаи Шамсиддини Шоҳин рӯй дода, ин ҷавони авбош зӯран аз гӯш ва гардани ҷавонзани 25-сола гӯшвораҳои тиллою гарданбанди зарринашр канда гирифтааст. Ба ин ҳам қонеъ нагашта, ҷавони авбош бо ҷангу ҷанҷол ду корти бонки ҷабрдидаро низ аз дасташ кашида мегирад ва аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Айни замон ғоратгар ба даст афтода, тафтишоти қазия идома дорад.

Мо аз тамоми занону духтарон хоҳиш мекунем, ки ҳангоми гашту гузор дар кӯчаву хиёбонҳо эҳтиёткор бошанд, то ба чанги чунин ҷавонони бе инсоф ва дузду ғоратгар наафтанд. Аз худонотарс битарс гуфтаанд, бинобар ин, ҳушёр бошед ва худу молу амволатонро эҳтиёт намоед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД