Салом хонандагони дардошно ва розшунав! Ман фарзанди кенҷагии оила ҳастам. Аз ҳамин сабаб волидонам ҳамеша дар фикри ояндаи ман буданд ва мехостанд барои ман арӯси муносибу зебо интихоб кунанд. Ниҳоят, баъди ҷустуҷӯҳои зиёд духтари нозанину донишҷӯеро бо номи Нигора пайдо карданд. Ӯ дар курси сеюми донишгоҳ таҳсил мекардааст.
Ростӣ, вақте бори аввал Нигораро дидам, аз нигоҳи аввал ба ӯ писанд омадам. Духтаре буд нозанин, бо чеҳраи сафеду рухсораҳои гулгун, чашмони зебо ва қаду қомати дилрабо. Волидонам низ аз интихоби худ қаноатманд буданд. Ҳамин тавр, бо розигии ҳар ду оила тӯй баргузор шуд ва Нигораро ба хона овардам.
Ман фикр мекардам, ки бо гирифтани чунин ҳамсари зебо бахтамро ёфтам. Аммо намедонистам, ки баъди тӯй зиндагии ман ба ҷои хушбахтӣ тадриҷан ба як майдони рашку ҷанҷол табдил меёбад.
Ҳар субҳ пеш аз ба кор рафтан Нигораро ба донишгоҳаш мебурдам. Ҳамин ки аз мошин мефаромад, баъзе ҷавонон ба ӯ нигоҳ карда, ҳар гуна суханҳои бемаврид мегуфтанд. Ман худро дошта наметавонистам. Ба онҳо дашном медодам, ҷанҷол мекардам ва ҳатто чанд бор даст ба гиребон шудаам. Баъзеҳо узр мепурсиданд, аммо баъзеи дигар бошармона мегуфтанд: «Ҳамаи хушрӯҳоро шумо гиред, ба мо кӣ мемонад, шеф?»
Ин суханҳо маро девона мекарданд. Нигора бошад, ҳангоми бозгашт аз донишгоҳ низ шикоят мекард, ки баъзе бачаҳои кӯча роҳашро гирифта, ба ӯ гапҳои пасту баланд мезананд. Ман ба ҷойи он ки ӯро тасаллӣ диҳам ва роҳи оқилонаи ҳалли масъаларо ҷӯям, рӯз ба рӯз бештар рашк мекардам.
Боре дар дил гуфтам: «Чаро ман зани ин қадар зебо гирифтам? Кош духтари одитареро интихоб мекардам. Он вақт ҳеҷ кас ба ӯ нигоҳ намекард ва ман ҳам осуда зиндагӣ мекардам». Ҳатто гумон кардам, ки сабаби таваҷҷуҳи мардон либосҳои Нигора аст. Аз ӯ талаб кардам, ки минбаъд либоси аврупоӣ напӯшад ва бештар либоси миллӣ ба бар кунад.
Нигора ба хотири оромии хона ба хоҳиши ман розӣ шуд. Аммо мушкили ман ҳал нашуд. Ҳатто бо либоси миллӣ ҳам мардон ба ӯ нигоҳ мекарданд ё суханҳои номуносиб мегуфтанд. Ман боз асабонӣ мешудам ва худро ба ҷанҷол меандохтам.
Бадбахтона, рашки ман рӯз ба рӯз бештар мешуд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ, Нигора баъзан мехост ба тӯй, маҳфил ё чорабиниҳои ҳамкурсҳояш равад. Ҳамин ки мегуфт, ки имрӯз бо духтарони ҳамкурсам ба тӯй меравам, дилам ба ҷӯш меомад. Дар сарам сад фикр пайдо мешуд: «Кӣ он ҷо мешавад? Оё писарон ҳам меоянд? Кӣ ба ӯ нигоҳ мекунад? Чӣ мешавад, агар касе бо ӯ шинос шавад?»
Боре аз рашк чунон оташ гирифтам, ки ӯро бо мушту лагад аз рафтан ба маҳфили ҳамкурсҳояш боз доштам. Ҳоло аз ин рафтори худ шарм медорам, вале он вақт гумон мекардам, ки ҳақ ба ҷониби ман аст.
Падарам борҳо маро сарзаниш кардааст. Як рӯз ба ман гуфт: «Келинро маҳдуд накун. Вай ҳам инсон аст, ҳам донишҷӯ ва ҳам ҳуқуқи зиндагии худро дорад. Агар ба ӯ бовар надорӣ, пас чаро издивоҷ кардӣ?»
Суханони падарам маро сахт ба андеша водор карданд. Ман мефаҳмам, ки зебоии Нигора гуноҳи ӯ нест. Агар касе дар кӯча сухани номуносиб гӯяд, ин гуноҳи ҳамсари ман нест. Баръакс, ман бояд ӯро ҳимоя кунам, аммо на бо дашному мушту ҷанҷол ва маҳдуд кардан.
Ҳоло муносибати мо хуб нест. Нигора баъзан бо ман камгап мешавад. Мебинам, ки аз ман ранҷидааст. Шояд ӯ дигар аз шавҳар на ҳамчун такягоҳ, балки ҳамчун шахсе метарсад, ки ҳар қадамашро назорат мекунад. Ин ҳолат маро сахт азоб медиҳад.
Ман ӯро дӯст медорам, аммо мефаҳмам, ки муҳаббат бе боварӣ метавонад ба рашки бемантиқ табдил ёбад. Акнун мехоҳам рафтори худро дигар кунам. Намедонам аз куҷо сар кунам: оё аз Нигора самимона бахшиш пурсам? Оё ба ӯ иҷозат диҳам, ки ба тӯю маҳфилҳои донишгоҳӣ равад? Чӣ тавр рашки худро идора кунам, то зиндагии оилавии мо вайрон нашавад?
Шояд мушкили асосӣ на дар зебоии ҳамсарам, балки дар тарзи фикр кардани худи ман бошад. Ман мехоҳам ба зиндагии осуда баргардам ва ҳамсарамро аз даст надиҳам.
Шавҳари аз рашк девонашуда