arzon replenishment
Зани тоҷикамро ба Русия биёрам, қиёмат қоим намешавад?
4235

Салом ба муштариёни смонаи Оила. ТЧ

Ман Баҳром, муҳоҷири тоҷик аз Барнаул мехоҳам дар як масъалаи хеле муҳим аз шумо маслиҳат бипурсам.

Чанд сол аст, ки дар ҳамин шаҳр кор мекунам ва дар яин ҷо Катя ном духтари русеро ба занӣ гирифта, аллакай соҳиби фарзанд ҳам шудам. Росташро гӯям, ман дар Тоҷикистон зан ва се писар дорам, аммо ҳамсарамро дӯст намедорам. Дар вақташ модарам духтари дӯстдоштаамро хуш накарда, маро зӯран ба духтари амакаш хонадор кард. Ҳамсарам духтари сабзинаи назарногир ва бисёр шаттоҳу ҷанҷолӣ аст, шояд аз ҳамин сабаб дар тӯли 7-соли зиндагии илавиамон ӯро ҳеҷ дӯст дошта натавонистам. Чанд бор хостам талоқашро диҳам, лекин модарам “ту маро бо хешу таборам душман кардан мехоҳӣ”-гӯён, ҳар бор қиёматро қоим мекард. Ҳамин тавр дар байни 7-сол маҷбур бо зане, ки ягон зарра дӯсташ намедорам, зиндагӣ карда, соҳиби се писар шудам. Дар як сол, агар ду моҳ дар Тоҷикистон бошам, 10 моҳи дигар дар Русия ҳамроҳи зани русам ҳастам. Катя ба хотири ман шуда дини исломро қабул кард ва мусалмон шуд. Панҷ вақт намозҳояшро мехонад, шароб наменӯшад, маро ҳурмату эҳтиром мекунад, бисёр зани ҳунарманду меҳрубон аст. Ман аз аввал ба ӯ гуфта будам, ки дар Тоҷикистон зану фарзанд дорам. Азбаски мо ҳамдигарро самимона дӯст медорем, Катя зандориамро дидаву дониста розӣ шуд, ки бо ман оила барпо намояд. Бо зани тоҷикам танҳо никоҳи мусалмонию бо зани русам ЗАГС дорам. Соли гузашта Катяро бо писарчаам ба Тоҷикистон бурда будам. Занам аввал хеле ҷангу ҷанҷол карда, рӯю мӯйи Катяро канд, то ки тарсида гашта равад, аммо ман дар наздаш шарт гузоштам, ки агар девонагиро бас накунад, талоқашро дода аз дар берунаш мекунам. Бо шунидани калимаи талоқ дамаш дарун зада ба тақдир тан дод, аммо тӯли як моҳе, ки мо дар Тоҷикистон будем, ҳамеша ба Катя мисли гург ба гусфанд нигоҳ карда, ҷойи куштанашро намеёфт.

Ҳамин тавр як моҳ пас мо ба Русия баргештем. Ҳамсарамро дӯст надорам ҳам, ман ҳамеша дар фикри фарзандонам ҳастам ва ҳар моҳ барояшон пул равон мекунам, то ки аз ягон чиз танқисӣ накашанд, аммо зани шаттоҳам ду пояшро ба як мӯза андохта, ҷони падару модарамро ба лабашон овардааст, ки маро ба назди шавҳарам равон кунед ё ба хонаи падару модарам мераваму дигар бар намегардам. Пул фиристодан барои чипта бароям душвор нест, вале метарсам, ки зани шаттоҳам баъди ба ин ҷо омадан ягон номаъқулӣ карда ба Катя ва писарам осеб нарасонад. Ростӣ, дилам мехоҳад, ки талоқи зани тоҷикамро дода аз ӯ тамоман халос шавам, вале падару модарам мегӯянд, ки ба умеди зани русат шуда, зиндагиатро вайрон накун, духтарҳои рус вафо надоранд, фардо дар дами пирӣ боз ҳамин зани тоҷикат ба ту даркор мешавад. Сарҳисоби корамро гум кардаам, илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам: Зани тоҷикамро ҳам ба Русия биёрам ё талоқашро дода, якбора аз ӯ халос шавам ва домони зани русамро маҳкам дорам?

Баҳром аз Барнаул

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
Саида 2022-01-25, 15:37
Додари азизам! Зиндагии 7 солаатро танҳо 14 моҳашро бо ҳамсари тоҷикат гузарондаи. Яъне як солу ду моҳашро! Боқиро бо зани рус. Ту фикр мекуни, ки агар зан сабзинаю назарногир бошад, вай бояд аз тамоми хушиҳои ҳаёт маҳрум бошад? Оё хушбахтии ҳамсарат танҳо дар пул фиристодани ту аст? Дар тули ҳафт сол хизматашро барои волидайнат, тарбияи се шоҳписар, бедорхобиҳо дар вақти касалию бемории фарзандҳо, таҳаммули бистари сарду холӣ ва билохира шабу рӯзу моҳу солҳои ба хотири дидани дидори ту паси сар карданҳояшро ба эътибор намегирӣ? Ба зани рус то ҳамон даме даркорӣ, ки сиҳату саломатию дасту бозӯи бақувват дорӣ ва пул кор карда метавонӣ. Аксари онҳо ҳатто ба шавҳарҳои ҳаммиллати худ содиқу бовафо нестанд куҷо як тоҷики муздур! Ту тасмим нагир, ки танҳо дар пиронсолӣ (вақте ронданд туро ё вақти сафари охират расид) ба назди зани тоҷикат баргардӣ. Бале, шояд ҳамон вақт ҳам зани тоҷик туро мебахшад вале аз ҷазои рӯзи қиёмат наметарсӣ? Ба фикри ман на ӯро биёр ва на инро бубар, балки адолатро роҳандозӣ куну ҳардуро як хел нигоҳ кун. Боқӣ қазоват турост.
Посух
Мусофир 2022-01-25, 19:55
Дар зиндаги мард Бояд ирода дошта халли масъаларо ебад Ту интизор и ки падару модар муранд баъд талокашро дихи? Модом ки дусташ намедони чавобаш ро дех Хар мох ризки фарзандонатро фирист вассалом
Посух
С. 2022-01-25, 20:52
Маслихат хамин хар ду занатро Мону боз як шуйи дигар хам кун
Посух
Рохгузар 2022-01-25, 22:05
Салом,аввало узр агар суханхоям норохататон карда бошад.Баъд гуфтаниям,ки Занатон чи кадаре ки сабзинаву "назарногир"хам бошад хакки у ин нест у гунохгор нест,ки шумо уро дуст намедоред вакте зани руси худро гирифта пеши у мебаред дигар чи интизор доштед?Худатонро чанд дакики чои хамсаратон гузоред баъд худатон одилона тасмим мегиред.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД