Имрӯзҳо чи қадар ҳодисаҳои аҷиб дар гирду атрофи мову шумо рӯх медиҳанд. Хабари охирине, ки моро дар тааҷуб гузошт, ин тавлиди тифлак дар дохили Рахш-Таксӣ буд. Бале, бале, дирӯз дар дохили таксии Рахш ё ба қавле 33-33 як шербачаи зебою паҳлавон ба дунё омад...
Сароғоз мо ба хабари тавлиди тифл дар даруни таксӣ чандон бовар накарда бошем ҳам, хостем то куҷо ҳақиқат доштани ин овозаро таҳқиқ намоем. Вақте ба ширкати “Рахш-такси” занг задем, масъулини ин ширкат тасдиқ намуданд, ки дар ҳақиқат дар дохили яке аз мошинҳои 33-33 як шоҳписари нозанин ба дунё омадааст.
Ин ҳодисаи фараҳбахш шоми дирӯз, тахминан соатҳои 19-30-и бегоҳ ба вуқуъ пайвастааст.
Масъулони ширкат мегӯянд, шоми дирӯз зани ҳомиладоре таксӣ супориш дода, мехостааст ба таваллудхонаи №2-и пойтахт равад, аммо тифлаки чаққон барои дидани дунёи равшан саросема шуда, дар даруни таксӣ чашм ба олами ҳастӣ во намудааст. Вазни тифлаки навзод 2500 гр ва қадаш 41 см буда, айни замон модару кӯдак худро хеле хуб ҳис мекунанд.
Масъулони ширкат аз ифшо намудани исми зани дар такси таваллуд карда худдорӣ намуда, ваъда доданд, ки агар волидонаш номи шербачаро Рахш-Алӣ гузоранд, ин тифли хушбахт метавонад то синни 18 солагӣ ба таври ройгон аз хизмати “Рахш-такси” истифода барад.