Як зани 37-сола аз Тоҷикистон бар асари якпаҳлӯ шудани киштии навсохт дар Русия ҷон бохтааст. Пайвандонаш гуфтанд, талош доранд, ки ҷасади ӯро ба Тоҷикистон биоранд. Матлуба Иброҳимова дар корхонаи киштисозии "Пела" дар канори Санкт-Петербург ҳамчун рангмол (маляр) кор мекард.
Ба иттилои дарёфтӣ, дар он ҷо камаш 20 шаҳрванди Тоҷикистон фаъолият доранд. Яке аз пайвандони Иброҳимова рӯзи 6-уми апрел дар тамос бо Радиои Озодӣ гуфт, "ӯ бо шавҳараш дар Санкт-Петербург кору зиндагӣ мекард ва ҳарду дар корхонаи киштисозии "Пела" фаъолият доштанд." Ба нақли ӯ, Матлуба Иброҳимова рӯзи 30-юми марти имсол киштии навсохти "Скорпион"-ро аз дохил рангу бор мекард, вале бар асари вайрон шудани тавозуни бор киштӣ ба тарафи рост каҷ шуда, ба лаби бандар бархурдааст. "Ҳудуди 100 коргар аз дохили киштӣ берун шуданд, аммо Иброҳимова, ки дар қисмати поёнӣ (трюм) машғули рангу бор буд, бино бар ворид шудани об аз он ҷо берун шуда натавонист ва фавтид", -- нақл кард ҳамсуҳбати мо.
Наҷотдиҳандагон ҷасади зани тоҷик ва як коргари дигари корхонаи "Пела"-ро аз дохили киштӣ берун кашидаанд. Чанде аз тоҷикони дигар, ки низ дар ин киштӣ кор мекунанд, гуфтанд, бино бар хатои сармуҳандис бе гузоштани бор болои киштии навсохт ба амалиёти "балансировка" шуруъ карданд ва дар натиҷа киштӣ якпаҳлӯ шуд. Ба навиштаи расонаҳои Русия, ҳоло Кумитаи тафтишотии ин кишвар аз рӯйи ҳодиса парванди ҷиноӣ боз кардааст ва тафтишот идома дорад. Матлуба Иброҳимова зодаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд буда, аз ӯ се фарзанд мондааст. Вай дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" саҳифа доштааст ва бори охир рӯзи 30-юми март ба он ҷо ворид шуда, таронаи "Умри ман мераваду ёди ту ҳаргиз наравад"-ро гӯш кардааст.
Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ба далели бекорӣ ва набудани даромад дар Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, вале раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар охири моҳи март гуфт, дар ҳашт соли охир муҳоҷирати тоҷикон ба Русия "84 дарсад кам шудааст".
ОЗОДӢ