Зан мавҷуди отифа ва покест, ки худованд ба хотири гарму фурӯзон нигоҳ доштани оташи ҳаёт дар оташкадаи зиндагии инсон ва идомаи насли башар офаридааст. Дар байни ҳамҷинсони худ занони тоҷик бо шарму ҳаёи зотӣ ва домону дасту дили тозаашон ном баровардаанд, аммо дар байни бонувони мо низ хонумҳои шайтонсирате ҳастанд, ки дар макру ҳилла ва фиребу найранг ҳатто Иблисро дарс медиҳанд. Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти чунин як зани маккора хабар додааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як ҷавонзани 34-солаи сокини ноҳияи Варзоб ва марди 34-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудаанд. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин ду тан бо маслиҳати пешакӣ рӯзи 19-уми сентябр, тахминан сатҳои 9-и саҳар ба манзили як ҷавонмарди 28-солаи сокини пойтахт даромада, маблағи хеле калон-80 ҳазор доллари амрикоӣ ва 53 ҳазору 500 сомониро ғорат карда, сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ғоратгарон боварӣ доштанд, ки асрорашон пинҳон монда, минбаъд бо пули дуздӣ айшу ишрат карда мегарданд, аммо тирашон хок хӯрда, ба чанг афтоданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дошта, дар сурати исбот шудани гуноҳаш зани ғоратгар чанд соли умрашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.