Бо шавҳарам Мурод 6 сол зиндагӣ карда, дучори талхиҳои зиёд гаштем. Ӯ дар болоям зан гирифту дигар меҳраш ду тақсим шуда, ба ман аҳамият намедодагӣ шуд.
Рӯзе қарор додам, ки хушӣ ба хушӣ маслиҳат карда, аз ҳамдигар ҷудо мешавем, чунки ӯ зани дигарро дӯст дошту ман ҳам намехоҳам ҷавониям бо сӯхтану гиряву нола сипарӣ гардад. Дар тӯли шаш соли зиндагиямон соҳиби як фарзанд шуда будем. Духтарчаамон вақте фаҳмид, ки падараш ҷавобамро дод, зиёд ҷигархун шуд. Чунки дурии падарро таҳаммул карда наметавонад. Кӯшиш кардам ба духтарам фаҳмонам, ки ману падараш ўро чун пештара дӯст хоҳем дошт, вале инро фаҳмидан ҳам намехоҳад. Доим бо ман ҷанг карда, ҳатто хӯрокашро намехӯрад. Падари бепарвофалакаш кай парвои гиряву сӯзи духтарчаашро дорад. Хонандагони азиз! Ба хотири духтари ягонаам бо шавҳарам боз забон ёфта, созиш кунам ё шавҳари дигар кунам?