Oila Navruz
Зани ғоратгар
1113


Занро олиҳаи пок ва фаришта мехонанд, вале занҳои дасту дилашон нокок ва маккору беандешаю қаллобе ҳастанд, ки даст ба фоҳишагӣ, хиёнат ва дуздию куштор барин амалҳои мамнуъ ва номатлуб зада, бо аъмоли нопокашон ба номи поки зан-модар иснод меоранд.

Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти чунин як зани бадрафтор хабар додааст, ки дар ғоратгарӣ муттаҳам дониста мешавад.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, як зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намуда, хабар додааст, ки шаби 31-уми марти соли 2022, тахминан соати 20:50-и шом шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии онҳо ворид шуда, 15 ҳазор рубли русӣ ва 1-адад гарданбанди тиллоро, ки арзишаш 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 36-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудааст.

Тафтишот аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад ва дар сурати исбот шудани гуноҳаш ин зани беандеша чанд соли умри ҷавонашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД