Ман кӯдаки ширмак дорам ва боз ҳомиладорам. Мехостам донам, ки агар рӯза нагирам, гуноҳ намешавам?
Мавҷуда, аз ноҳияи Ҳисор.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Гунаҳгор намешавед. Зане, ки кӯдаки ширхора дорад, агар шираш ба кӯдакаш нарасад (шир аз ғизо пайдо мешавад) ва занҳои ҳомилае, ки гирифтани рӯза боиси вайрон шудани саломатии худу фарзандашон мегардад, метавонанд рӯзаашонро хӯранд ва баъди он ки аз ин вазъият баромаданд, рӯзаи қазоӣ доранд.