Домуллои муҳтарам. Ҳамсарам панҷмоҳа ҳомиладор аст. Мегуфтед, ки агар ҳамсари ман дар ин моҳи бузург рӯза нагирад, гунаҳкор намешавад?
Ҳусниддин, хонандаи Оила ТҶ
Ба саволи хонанда Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
Бародари азиз, агар ҳамсари шумо рӯза гирифта тавонад ва рўза ба ў ё тифлаш зарар накунад, дар ин ҳолат рўза мегирад, дар акси ҳол, рўзаро мехўрад ва баъдан қазои онро медорад.