Formula novemver 2024
Зани ҳомила аз намоз озод аст?
887


Ман ҳомиладор ҳастаму хаму рост шудан бароям душворӣ мекунад. Махсусан ба саҷда рафтан бароям хеле сахт аст.

Медонам, ки занҳои ҳомила ва кӯдаки ширмак дошта аз гирифтани рӯзаи моҳи шарифи рамазон озоданд, вале дар масъалаи намоз ягон сабукӣ дода шудааст ё не.
Ҳусноро, ш. Истаравшан.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Дар ҳақиқат занҳои ҳомила ва тифли ширмак дошта аз гирифтани рӯзаи моҳи шарифи рамазон озод карда мешаванд, вале баъдан бояд рӯзаи қазоӣ доранд. Дар масъалаи намоз бошад, чунин гузашт вуҷуд надорад. Одами мусалмон бояд то дами марг дар фикри Офаридгор бошад ва саҷдаву ибодати парвардигорро тарк насозад. Албатта “қудрат ба тавоноӣ” гуфтаанд, агар саҷда рафтан бароятон мушкил бошад, метавонед бо ишораи сар, яъне сарро каме пасттар карда, бо ишорат саҷда кунед ва намозатонро идома диҳед. Худованд ибодатро мувофиқи қувват ва тавоноии ҳар як бандааш фармудааст. Ҳар як инсон, аз ҷумла занҳои ҳомила низ бояд ба қадри тавоноии худ Худоро парастиш намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД