Arzon march 2024
Зани ҳомила аз намоз озод аст ё не?
1196

Ман ҳомиладор ҳастаму дар батнам кӯдаки 7-моҳа дорам. Метарсам, ки вақти рукуд ва саҷда кардан ба тифли батнам ягон зарар нарасад. Оё имкон дорад, ки то тавлиди фарзандам намоз нахонам.

МАРҲАБО, ш. Турсунзода

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Хоҳари азиз, дар ҳақиқат занҳои ҳомила ва тифли ширмак дошта аз гирифтани рӯзаи моҳи шарифи рамазон озод карда мешаванд, вале баъдан бояд рӯзаи қазоӣ доранд. Дар масъалаи намоз бошад, чунин гузашт вуҷуд надорад. Одами мусалмон бояд то дами марг дар фикри Офаридгор бошад ва саҷдаву ибодати парвардигорро тарк насозад. Албатта “қудрат ба тавоноӣ” гуфтаанд, агар саҷда рафтан бароятон мушкил бошад, метавонед бо ишораи сар, яъне сарро каме пасттар карда, бо ишорат саҷда кунед ва намозатонро идома диҳед. Худованд ибодатро мувофиқи қувват ва тавоноии ҳар як бандааш фармудааст. Ҳар як инсон, аз ҷумла занҳои ҳомила низ бояд ба қадри тавоноии худ Худоро парастиш намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД