Ман одатан мӯйҳоямро кӯтоҳ карда мегардам, вале рӯймол мебандам. Мегӯянд, ки агар зани мусалмон мӯйи сарашро бурад, фардои қиёмат ӯро бо ҳамон мӯйи буридааш ба дор овехта, дар оташи дӯзах месӯзонанд.
Фаҳмидан мехостам, ки ин гуфтаҳо ягон асоси динӣ доранд ё не?
Ибодат ХОЛОВА, ш. Душанбе
Посухи долмулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
- Мўйи сар барои зан зиннати Худованд аст, аз ин лиҳоз, бе ягон сабаб буридани он ҷоиз нест. Танҳо дар сурати пеш омадани ягон зарурат, аз қабилӣ беморӣ, зан метавонад мӯйи сарашро бурад. Бинобар ин, ба шумо, хоҳари азиз, тавсия медиҳем, ки мӯйи саратонро беҳуда қайчӣ назанед.