Formula novemver 2024
Зани дуюмаш дар болои шавҳарам шӯ карду...
08.07.2024
ОИЛА.ТҶ
1353

Салом! Ман - як зани дар зиндагӣ ранҷу азобҳои зиёд кашида, мехоҳам қиссаи сарнавиштамро ба шумо нақл кунам.

Ману шавҳарам ҳамдигарро надида хонадор шуда будем. Аниқтараш модаршӯям маро хуш карда ба писараш келин кард, вале аз оғоз ҳис мекардам, ки шавҳарам маро дӯст намедорад. Вай дилу бедилон бо ман зиндагӣ мекард ва баъзан шабҳо ба хона намеомад. Баъдтар ба гӯшам расид, ки шавҳарам дар болои ман боз зан гирифта будааст. Аввалҳо инро пинҳон медошт, аммо “офтобро ба доман пӯшида намешавад” гуфтагӣ барин, оқибат ин сир фош гашта, ҳақиқат рӯйи об баромад.

Баъд аз он ки зани дуюм доштанашро фаҳмидам, шавҳарам дар назди ман сархам не, баръакс аз пештара мағруру ҳавобаландтар шуд. Изҳори норизогӣ кунам, ба ғазаб омада “нахоҳӣ рав, ман туро манъ накардаам, чор тарафат қибла” мегуфт ва маро дашному ҳақоратҳои болохонадор медод.

Зиндагӣ бо ин мардаки дузанаи ҳақоратчӣ бароям ба дӯзах табдил ёфта бошад ҳам, намехостам оилавайрон шавам, чунки мани беақл ҳар сол таваллуд карда, алакай соҳиби чанд фарзанд гашта будам. Модарам аз дунё гузашта, падарам зани ҷавон гирифта буд ва бо мушкилоти худаш саргардон буд. Ман бо 6 фарзанд ҷойи рафтан надоштам, аз ҳамин сабаб ба ҳамаи ҷабру ҷафои шавҳарам тоқат карда, рӯзи дароз дар замини чандгектара кор мекардам.

Хулоса, барои шавҳарам ман мисли як канизак будам, ки хизмати падару модар ва фарзандонаш мекунад, ҳамчун зан барояш заррае арзиш надоштам.

Ҳар ҳафта шавҳарам ҳосили аз замин бадастомада ва мураббову шириниҳои захиракардаамро ба мошинаш бор карда, ба хонаи зани дуюмаш мебурд, ҳарчанд ки аз он зан ягон фарзанд надошт. Аз рашк дарун-дарун месӯхтаму дилам пора-пора мешуд, вале розшунаве надоштам.

Аз байн чанд сол гузашту шавҳарам бемор шуд. Акнун ӯ дигар зани дуюмашро таъмин карда наметавонист. Дере нагузашта зани дуюмаш дар болои шавҳарам шӯ кард ва ба қавли маъруф ду лагад зада, ӯро аз дар берун намуд.

Акнун шавҳарам дар хона аст. Аз рангаш маълум, ки хеле тағйир ёфтааст. Аммо намедонам ки ин рафтори хуби ӯ то кай давом мекунад.

Ба фикри шумо, марди занҷаллоб вафодор мешавад ё баъди ба худ омадан шавҳарам боз дар болои ман зан мегирифта бошад?

Г. З.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД