Ман Лола, соҳиби 3 фарзанд ҳастам. Шавҳарам дар Масква зану фарзанд дорад. Муддати 3 сол аст, ки фикри ба хона баргаштанро надорад. Сарҳисоби зиндагиро гум кардаам, чӣ кор карданамро намедонам. Бар замми ин, шавҳарам мехоҳад, ки фарзанди аз зани дуюмаш тавлидёфтаро ба назди ман равон кунад.
Мегӯяд, ки бо занаш дукаса кор мекунанду ман бояд фарзанди онҳоро калон кунам. Вақте ки пешниҳодашро қабул накардам, таҳдид намуд, ки “агар кӯдакро нигоҳубин накунӣ, бо ту зиндагӣ намекунам”.
Ман медонам, ки мувофиқи шариат мард иҷозат дорад ба болои занаш зан гирад, вале ба шарте, ки ҳарду занро як хел нигоҳубин кунад. Мардҳои мо бошанд, зани дуюмро, ки гирифтанд, зани якумро фаромӯш мекунанд. Магар зани дуюм тиллоӣ аст, ки ҳатто фарзандони худро ба ёд намеоранд?
Аз фикру ғами зиёд дар ин се сол бемор шудаам. Ният дорам, ки писаронамро ба шавҳарам диҳаму духтарамро гирифта, аз ӯ ҷудо шавам. Маро алам мекунад, ки шавҳарам зани дуюмашро лаҳзае танҳо гузоштан намехоҳаду боре фикр намекунад, ки 3 сол боз аз ман дур аст.
Фикр намекунад, ки ман ҳам зан ҳастаму ӯро пазмон шудаам. Вақте мо занҳо дар ин бора гап занем, дарҳол мавриди мазоқу масхараи атрофиён қарор мегирем. Мардҳои дузанаро ҳама ҷонибдорӣ мекунанд, вале занҳои бе шавҳар мондаро кӣ пуштибонӣ мекунад?
Фарзандони дар нимароҳи зиндагӣ мондаву аз меҳри падар дурро, ки ба дӯши модарони танҳо мондаанд, кӣ бо меҳру муҳаббати худ фаро мегирад? Магар зани дуюм зану зани якум зан нест?