Шикоят ва бечоранолӣ кардан хоси мардон нест, вале рафтори бади модари фарзандонам маро маҷбур кард, ки қалам ба даст бигирам.
Ҳамсарам бисёр зани бадрашку бадзабон аст. Ягон гапи хушро аз даҳони ӯ намешунавӣ, кораш фақат дашному ҳақорат додан асту халос. Рӯзи дароз кор карда, хаставу лакот ба хона бармегардам, вале ба ҷойи ҳолу аҳволамро пурсидану дар наздам як коса таом гузоштан баробари аз дар даромадан занам ба ҳамла гузашта, дод мезанад: “Рӯзи дароз дар бағали кадом бева будӣ? Пули ёфтагита сарфи духтарбозӣ ва айшу нӯш карда, бегоҳ ду даст дар бинӣ ба хона меоӣ...”.
Бовар кунед, суханҳои нешдори занам чунон дар дилам задаанд, ки дигар поям намекашад ба хонаи худам биёям. Ба гӯристон раваму рӯйи ин зани бадрашк ва ҷаккокро набинам мегӯям.
Эҳтимол шумо гумон кунед, ки ман марди занбозам ва барои ҳамин ҳамсарам рашк мекунад, вале дар асл чунин нест. Дар умрам ба ягон зани бегона чашм ало накардаам, вале занам маро ба симчӯби сари роҳ ҳам рашк мекунад. Доду фиғони ин зан дили маро аз тамоми занҳои олам чунон хунук кардааст, ки дигар рӯйи ягон занро дидан намехоҳам. Ягона гуноҳи ман дар назди ӯ ҳамин аст, ки ба ҳусну ҷамолаш дода шуда, ба гапи модарам гӯш накарда, ӯро ба занӣ гирифтам. Аввалҳо рашку итобашро аз ҷавонӣ дониста, худамро тасаллӣ медодам, ки оҳиста-оҳиста ақлаш даромада, ин корҳои аҳмақона ва рафтори бадашро мепартояд, вале соҳиби се-чор фарзанд шудему занам ҳеҷ одам нашуд. Умре дар назди ҳаққу ҳамсоя ва хешу табор маро ғайбат карда, паст мезанад. Баъзан суханҳои нешдораш аз ҷавшани ҷонам мегузаранду мурдакӯбаш мекунам, аммо на бо мушту лагад одам мешаваду на бо гапи хуб ва панду насиҳат. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, хушдоманам ҳам ба зиндагии мо мудом бинӣ халонда, дар ҳама ҷо маро бадгӯӣ карда мегардад.
Сарам сафед шуд аз дасти зани бадрашк ва модари ғайбатчию шӯрандозаш.
Беҳуда Фирдавсии бузург нагуфта будааст, ки:
Зани бад дар саройи марди накӯ,
Андар ин олам аст дӯзахи ӯ.
Зани бадрашкам ҳаёти маро ба дӯзахи ҳақиқӣ табдил додаасту аз он ягон роҳи гурез намеёбам.
Илтимос, маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Умрамро бо ҳамин зани ҷаккок хазон кунам ё талоқашро дода, ягон зани худотарсу меҳрубони камгап гирам?
У. М., хонандаи сомона