Муборак Абдураҳмонова 53-сол дорад. Аслан дар ин синну сол занон дар ҳалқаи фарзандон ва наберагонашон давлати пирӣ меронанд, вале ин зани беандеша умри боқимондаи худро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард, зеро дастони ӯ ба хуни як кӯдаки бегуноҳ олудаанд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе Муборак Абдураҳмоноваи 53-соларо барои куштори як писарчаи 7-сола ба 16-соли маҳкум намуд. Ин зани бераҳм Аҳмадҷон Абдураҳмонов, хонандаи синфи 1-уми мактаби миёнаи №50-и пойтахтро, баъди дарс бо макру фиреб ба хонааш дароварда, бо азобҳои алим ба қатл расонидааст.
Ҷасади писараки ормониро волидонаш пас аз чанд соати ҷустуҷӯ аз хонаи ин зан, ки хешу таборашон буда, дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекард, пайдо намуданд.
Қотил баъди куштори кӯдаки бегуноҳ аз ҷойи ҳодиса фирор карда бошад ҳам, гурехтан аз қонун ба ӯ муяссар нагашт. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба зудӣ Муборак Абдураҳмонаро ҳамчун гумнбар дар ҷинояти дамкушӣ дастгир намуда, ба дастонаш завлона заданд. Маҳкумшуда дар як гузориши видеоӣ тафсилоти қатли писаракро қисса карда, чунин гуфт:
"Аҳмадҷон хез-хез, чува оба нахӯрдӣ, чува оба нахӯрдӣ, задам. Баъд овардам инҷа. Хуна дидам тарсида, ларзида паспорта гирифтаму куртама гирифтаму гурехтам".
Ниҳоят тафтишоти ин парвандаи пурсару садо ба охир расида, суд Муборак Абдураҳмоноваи 53-соларо барои куштори кӯдаки 7-сола Аҳмадҷон Абдураҳмонов ба мӯҳлати 16-сол ба пушти панҷараи маҳбас равона кард.