Салом “Оила”. Ман як пири барҷомондаи 76- сола ҳастам. Баъди мутолиаи номаҳои розу ниёзи хонандагон хостам, аламу дарди хешро рӯи авроқи сафед оварда, ба хонандагон сарнавиштамро қисмат намоям.
Бо ҳамсари авалаам Маҳҷабин зиндагии гуворо доштем. Касе моро медид, Лайливу Маҷнуни ҳақиқӣ меномид. Ҳамин боис гашт, ки мо дар деҳа лақаби Лайливу Маҷнуни асри нав ном гирифтем.
Зиндагии хушу хурсандона доштем. На ба гапи мардум гӯш медодему на таънаи касеро ба дил мегирифтем. Нафаҳмида мондам, ки чӣ хел умри ҷавонамон дар як муддати кутоҳ гузашта рафтааст. Аз зиндагиамон 15 сол гузашта буд, вале бо хости Худованд аз неъмати фарзанд бе ҳосил мондем. Дари духтуру беморхонаҳоро охурча кардему ба дардамон дармон ҷустем, аммо дидори рӯи фарзанд насибамон нагашт. Бо хости падару модар аз бародари занам як фарзандашонро талаб кардем, онҳо низ розӣ шуданд. Кӯдаки якумхонашонро ба мо доданд. Кӯдак низ ману аммаашро хеле дӯст медошт, аз ин рӯ, бе дудилагӣ розӣ шуд, то дар хонаи мо монад.
Хушбахтии ману ҳамсарам ҳадду канор надошт. Тамоми ҳастиамонро барои хондану соҳиби ному нон гаштани фарзандхонамон бахшидем. Ба тақдирамон, бачахондамон бениҳоят хубу баодоб баромад. Мо низ меҳрубониамонро нисбаташ дареғ намедоштем. Ӯ баъди калон шуданаш ҳатто боре намепурсид, ки чаро маро аз модарам ҷудо кардед. Мо хеле хушбахтона зиндагӣ мекардем. Давронҷон мактабро хатм карду ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шуд. Муддати 7 сол хонда, соҳиби дипломи олӣ гашт. Акнун мехостем сари ӯро ҷуфт кунем. Ба мақсадамон низ расидем.
Гӯри муллои ҷодугарро кӣ оташ зад?
Давронҷонро бо духтари дӯстдоштааш Рафина оиладор кардем. Як сол баъди зиндагиашон писарам соҳиби писарчае шуд.
Мо хеле хурсанд будем, ки аз хонаи мо садои тифлак мебарояд. Набераам нав панҷсола шуда буд, ки рӯзе писару келинам ва ҳамсарам ба ҷое меҳмонӣ мерафтанд. Аз онҳо хоҳиш кардам, ки набераам бо ман монад. Худ дили рафтан надоштам. Хостам набераам низ наравад. Ин хоҳиши дилам буд ё амри тақдир, ки набераам бо ман дар хона монд. Соате нагузашта, хабари марги пайвандонам дар садама расид. Он рӯз фикр кардам дунё дар назарам тираву тор гаштааст. Се ҷасадро аз як хона дар як рӯз баровардан ба гуфтан осон аст.
Барои пайвандонам зиёд сӯхтам. Баъди маъракаҳо қудоям мехост набераамро барад, аммо ба ин розӣ шуда натавонистам. Нахостам ягона нишонаи фарзандамро аз даст диҳам. Худам набераи панҷсолаамро бо азобҳои алим калон карда, ба воя расонидам. Мактаби миёнаро хатм кард. Дарҳол хонадораш кардам. Худам бе зан будам, мушкил буд, аммо тоқат мекардам.
Зиндагиамон хеле хуб пеш мерафт. Рӯзе набераам аз ман хост, ки дубора оиладор шавам. Занеро аз куҷое пайдо кард. Ба никоҳам даровард. Шаш моҳ баъд ҳамсари навам сарамро тоб дода гуфт, ки ман ҳомиладорам. Бояд ба хотири бе ҷо намондани тифлам хонаро ба номам кунӣ. Ман, ки ин қадар солҳо ташнаи фарзанд будам, дарҳол розӣ шудам.
Вақте тифлак ба дунё омад, ҳамсари ҷавонам пӯстинашро чаппа пӯшида, маро писанд намекардагӣ шуд ва маро бӯйгину фартут гуфта, аз хона меронд. Хешони пулдорашро ба сарам оварда, маро таҳдид мекард, ки аз хонаву дари ӯ баромада равам. Ҳамин хел маро аз хона пеш карданд. Набераам низ бо онҳо ҳеҷ кор карда натавонист. Баъди ин ҳодиса ба сактаи дил гирифтор шудам. Хайрият, ки рафиқони писарам кӯмак карданду мо боз дубора ба ҳавлии худ баргаштем. Имрӯз хушу хурсандона дар ҳалқаи абераҳоям зиндагӣ дорам. Манзурам аз гуфтани саргузаштам ин аст, ки мисли ман дар аёми пирӣ оиладор шуда, ба дасти қаллобе наафтед.
Устоманон, аз н. Қабодиён