Ҳолатҳое мешавад, ки дар ҳар имтиҳони сахти ба сарам омада модари раҳматиямро барои он ки маро дар синни сесолагӣ ва хоҳараму додарчаамро, ки он замон яке ду сол дошту додаракам семоҳа буд, дар гирдоби зиндагӣ ба ҳоли худамон гузошт, гунаҳкор мекардам.
Вале модарам гуноҳе надошт, ӯро дар ҷанги шаҳрвандӣ тири душман аз мо рабуда буд. Модарам дар зебоӣ ҳамто надоштааст. Аз ин лиҳоз, Худованд барои ҳар сеи мо ҳусну малоҳати зиёде дода буд. Моро аммаҳояму бибиям калон карданд. Пас аз марги модарам падарам ба духтараки дигар дил баста, барои ӯ дар пойтахт хона хариду аз мо дур шуд. Беҳуда намегуфтаанд, ки пас аз марги модар падар пияндар мешавад. Додаракамро шабҳои дароз бобоям дар саҳни ҳавлӣ мегардонду ба ҳоли ӯ гиря мекард. Бобоям се писари калонашро чун модарам аз даст дода буду намедонист ба ҳоли кадом набераи ятимаш гиря кунад.
Падарам аз зани дигараш соҳиби се фарзанд шуду моро тамоман фаромӯш кард. Бобоям ҳам ба ғами фарзандон тоб наоварда, соли 2001-ум вафот карданд. Пас аз марги ин марди бузург амакҳоям ҳар кадом ба таври худ ба сари мо ҳоким шуданд. Ҳар кадом иддао мекард, ки ба ин сағераҳо кӯмак кардааму онҳо бояд ба зани ман ёрӣ расонанд. Падарам бошад, як рӯз ба деҳа омаданду маро барои кӯмак расонидан ба корҳои модарандарам, ки кӯдак таваллуд карда буд, бо худ ба шаҳр бурданд. Ман он замон дар синфи 8-ум мехондам. Мане, ки рӯйи модарро дар ёд надоштам, бо дидани ин зан гӯё аввалин бор модари худро дида бошам, шодӣ мекардам. Ӯро “оча” гуфта, аз қафояш медавидам. Мехостам як бор маро ба оғӯш бигирад, то гармии нафаси модарро эҳсос намоям. Лекин оғӯшаш соҳиб дошту танҳо нигоҳҳои сарди дилгиркунандааш насиби ман буд.
Пештар фикр мекардам, ки падарам аз хушҳолӣ моро фаромӯш карда аст. Лекин бо рафтани ман аҳволи падарам аз пештара дида бадтар шуда буд. Бо вуҷуди мард буданаш ҳар бегоҳ аз кор омада, хӯрок мепухт, либос мешуст, хонаҳоро мерӯфт, боз шаб то субҳ аз ҷанҷоли занаш миҷа таҳ намекард. Дилам барои падарам реш-реш мешуд. Лекин чизе гуфта наметавонистам. Ҳар рӯз медидам, ки дар даруни тафдони ин зан ду қулфи калон гузошта шуда буду наздикии намози шом тафдонро ба кор дароварда, қулфҳоро то он ҳад гарм мекард, ки сурх мешуданд. Як бегоҳ бо падарам бисёр ҷанҷол карду дигар тоқатам намонда, давида рафтаму қулфҳоро аз дохили тафдон гирифта, дар пеши чашми падарам ба даруни об андохтам. Падарам бо дидани қулфҳо занашро чанд шаллоқ заду дасти маро гирифта, аз хона берун шуд. Моиндарам маро ҳақорат карда, тамоми либосҳои ману падарамро аз тиреза ба поён ҳаво доду “аз ин ҷо дафъ шавед” гуфт.
Падарам маро боз ба хонаи бибиям оварда монду баъди хатми синфи 9-ум бо маслиҳати хешу табор ба писари аммаи модарам ба шавҳар дод. Амакҳоям ба ман иҷозат надоданд, ки дар имтиҳонҳои хатми мактаб иштирок карда, ҳадди ақал номаи камол гирам. Бибиям дар рӯзи туям ҳамаи он ҷиҳозе, ки модарам дар сандуқҳо барои худаш оварда буду ҳатто истифода накарда, аз олам гузашта буд, барои хотира ба ман дод. Оилаи шавҳарам сарватманд буданд, лекин хусурам аз бадҷаҳлии хушдоманам зани дигаре гирифта буду ба хона танҳо маҳсулоти хӯрока оварда, худаш баромада мерафт. Хушдоманам бошад, аз рашки модарона ҳеҷ намегузошт шавҳарам шабе бо ман бошад. Ҳар шаб худро бемор вонамуд карда, писарашро дар паҳлӯи худаш мехобонид. Агар шабе шавҳарам нимашабӣ аз назди ӯ гурехта меомад, аз субҳ то шом модараш баробари маро дидан мегуфт:
-Духтарҳои ин замона банди эзорашонро дошта наметавонанд. Писарамро харобу хазон кардӣ, сағерадухтари нодида! Э мемонӣ, хоб равад?!
Лекин хушдоманам хуб медонист, ки яккаписари эркааш ҳеҷ хоб несту майле ба ман ҳам надорад. Барои ӯ навозишҳои кӯдаконаи ман лозим набуд. Ӯ пули бедарди миёнро аз падар гирифта, лайлои шароб гашта буду маро танҳо барои лату куб кардан ва аз ин кор завқ бурданаш дар паҳлӯяш нигоҳ медошт. Шабе дар ҳолати мастӣ ба хона омаду маро се талоқ карда, мехост боз ҳамхоба шавад. Ман пойи бараҳна аз хонаи шавҳарам гурехтаму бо ашки шашқатор ба хонаи моиндарам омадам. Моиндарам аз дидани ман хушҳол нашуда бошад ҳам, дилаш ба сару рӯйи харошидаю хуншорам сӯхта, ноилоҷ маро ба хонааш роҳ дод. Падарам он замон дар муҳоҷират буд. Кӯдаки батнам чормоҳа буд, вале падарам гуфт:
-Аз ин хел падар на ба ман набера лозим ҳасту на ба ту фарзанд, ин кӯдак рӯзе балои ҷони ту хоҳад шуд.
Бо ҳамин тифли батнамро исқоти ҳамл намуданд. Хушдоманам аз фурсат истифода бурда, ҳамаи ҷиҳози қадимаи аз модарам мондаро барои худаш гирифту ду сандуқи холиро ба дасти амакҳоям равон кард. Ман бошам, барои бебахтиям нагиристам, балки барои он чизҳое, ки аз модарам мерос монда буду аз дастам рафт, моҳҳо ба худ наомадам. Рӯзе, ки ҳамсинфонам синфи 11-умро хатм мекарданд, аҳли оилаи бобоям болои сари ман ҷамъ шуда, яке пайи дигаре мегуфтанд:
-Номи зани бевамонда бад аст. Ту бояд шавҳар карда, ҳам худат ва ҳам моро аз ин бори нангин халос намоӣ!
Ба сарам дод мезаданд, ки агар ба гуфтаҳоямон розӣ нашавӣ, аз баҳрат мегузарем. Мани ҳайрони зор аз ноилоҷӣ бо марди 20 сол аз худам калонтар, ки гӯё ҳамсари аввалааш ба ӯ хиёнат карда буду аз ӯ ҷудо шуда, сари роҳи маро гирифта буд, хонадор шудам. Ин зиндагии маҷбурӣ буд.
Ман аз ин мард соҳиби се писарча шудам. Лекин пули коркардаи ӯ ҳеҷ барои ману фарзандонам намерасид. Худам боркашонӣ карда, ба дари хонаҳои мардум мерафтаму бор мефурӯхтам ва бо пули ҷамъкардаам барои кӯдаконам хӯрокаю либос мехаридам. Аз сардиҳою вазниниҳо бемор шуда, ду бор ҷарроҳӣ шудам. Ин мард аз бекасии ман истифода бурда, чӣ гунае, ки дилаш мехост, ҳамон гуна рафтор мекард. Шабҳо дастонамро баста, озорам медод. Ҳама ҷабру ситами шавҳарро хомӯшона таҳаммул менамудам. Зеро пуштибоне, мӯнису ғамхорам, модарам-оне, ки аз пушти ман садо баланд мекард, ҳимоятгарам зери хок буд. Оқибат рӯзе расид, ки аз зулму шиканҷаҳои беохири ин мард ба ҷон омадаму пас аз лату кӯби беохираш ба милисахона рафта, аз ӯ шикоят кардам. Вақте ки полисҳо тафтишотро оғоз карданд, маълум шуд, ки ман барои ин марди занҷаллоб зани ҳафтум ҳисобида мешудаам.
Ин мард ҳамеша аз бекасии духтарони зебо истифода бурда, нисбаташон зулми беохирро раво медидааст. Як занаш бо ду фарзанд, дигарӣ бо як фарзанд баъзеи дигар аз зулму ситамаш ба дод омада, аз ӯ ҷудо шуда баромада рафтаанд. Аз ин рӯ, пули ёфтаашро ҳар моҳ барои фарзандони партофтааш алимент медодааст. Писар ва духтари ҳамсари калонияш ҳар ду хонадору ҳатто соҳиби набера будаанд. Лекин фарзандҳо аз ӯ безору занҳои собиқаш шукри халосӣ аз ӯро мекунанд. Дигар тоқатам намонда, тамоми бадани сиёҳу кабудшудаамро ба падарам нишон дода, дар пеши пояш афтодаму хоҳиш кардам, ки маро дигар ба назди ин мард нафиристад. Ин бор савганд ёд кардам, ки агар бори дигар бепарвогӣ кунад, худамро мекушам. Падарам аз дидани аҳволи ман чунон гиря кард, ки худам дар ҳайрат мондам. Пасон дарк кардам ки марги модарам на танҳо моро бесоҳиб кард, балки миёни падарамро хам, сарашро сафед ва биноии чашмонашро ҳам паст кардааст.
Дар охир, ба нафароне, ки сарнавишти маро мутолиа мекунанд, гуфтан мехоҳам, ки модардорон ба қадри модарони худ бирасед! Ягона соҳиби пурқуввати шумо онҳо ҳастанд, ки танҳо ҳастияшон барои хам хӯрдани чашми душманон кифоя аст! Хуш ба ҳоли оне, ки модар дорад!!!
Хандазеби.......