Мардуми тоҷик байти машҳуре доранд:
Духтарои модардор дар шохи заррин,
Духтарони бе модар саршон дар замин.
Ман аз зумраи ҳамон духтарони бе модар ҳастам, ки як умр сарашон ба замин хам аст. Хеле хурд будам, ки модарам ба марди дигар ба шавҳар баромада, маро дар хонаи бибии падариам гузошта рафтааст. Дертар падарам бо зани дигар оиладор шуд ва мани зиндаятим моиндардор шудам. Зани падар маро чашми дидан надошт, ҳарчанд мисли ғулом субҳ то шом барояш хизмат мекардам. Ҳамин тавр барои он ки тезтар аз як нонхури зиёдатӣ халос шаванд, ба норозӣ буданам аҳамият надода, маро дар синни 18-солагӣ ба як марди 45-сола, ки ҳамсараш вафот карда, 4 фарзанд доштааст, ба шавҳар доданд. Фарзандони шавҳарам аз рӯзи аввал сояи маро аз девор тарошида, қариб ҳар рӯз дашному ҳақорат мекарданд, ки аз хонаашон баромада равам. Ҳарчанд кӯшиш кардам, ки ба далашон роҳ ёбам, нашуд, зеро онҳо аллакай қариб ҳамсинну соли ман буданд ва шояд маро ба падарашон рашк мекарданд, ки ду пояшонро дар як мӯза андохта, агар аз баҳри занат нагузарӣ, мо аз хона баромада меравем мегуфтанд. Шавҳарам дид, ки фарзандонаш бо ман созиш намекунанд, ночор ҷавобамро дод ва мани сарсахт дубора ба хонаи падарам баргаштам. Моиндарам ҳар рӯз таъна мекард, ки агар ту хуб мебудӣ, шавҳарат намепартофт.
Оқибат корд ба устухонам расид ва рӯзе гирёну нолон бо мақсади худкушӣ ҷониби дарё равон шудам. Нав ба болои пул баромада, худамро ба об ҳаво доданӣ будам, ки зани ҳамсоя сатил дар даст обгирӣ омад. Вай ҷонҳавл ба сӯйи ман давида, бо як ҷаҳиш маро аз болои пул ба замин партофт ва хеле насиҳат кард, ки фикри худкуширо аз сарам дур созам, зеро касе, ки даст ба худкушӣ мезанад, рӯҳаш низ оромиш наёфта, ба оташи сӯзони ҷаҳаннам меафтад...
Хулоса, зани ҳамсоя сабаби аз марг наҷот ёфтани ман гашт ва баъди ҳамон ҳодиса зиндагиам тамоман ранги дигар гирифт. Бо дониши худам ба донишгоҳ дохил шуда, соҳиби маълумоти олӣ гаштам ва марди некеро пайдо намуда, дубора оиладор шудам. Имрӯз зиндагии ширин дорам. Ба духтароне, ки мисли ман азобу машаққат мекашанд, гуфтаниям, ки ҳаргиз навмед нашаванд, зеро поёни ноумедиҳо умед аст ва баъди рӯзҳои тираву тор дубора рӯзҳои нек фаро мерасанд.
Наима, сокини шаҳри Ҳисор