Салом ба шумо. Медонам, ки сирри оиларо гуфтан дуруст нест, вале ба маслиҳат сахт ниёз дорем. Мо як оилаи ором будем. Ду бародарам оиладоранд. Бародари калониам 3 ва бародари дуюмам 1 фарзанд дорад.
Вақте акаи дуюмамро оиладор кардем, баъди таваллуди фарзандаш мушкили мо оғоз шуд. Рафтори янгаамон аввал хуб буд, вале якбора тағйир ёфт. Бародарам, ки мо ҳама аз ӯ метарсидем, дар пеши занаш сар хам мекард. Занаш ба ҳар як гап ҷавоб мегуфт. Падарам, ки тамоман бо мо баланд гап намезад, ҳоло дод мезанаду дар сари дастархон намешинад.
Як ҳамсояамон гуфт, ки аз кадом муллои деҳа оби дуо хондагӣ гиранд. Модарам эътиқод надоштанд ба муллобозӣ, вале маҷбур ки шуданд, рафта об гирифтанд. Мулло гуфтааст, ки яке аз наздикон хонаро ҷоду кардааст. Ӯ омада, аз хонаамон чанд ҷуфт риштаву мӯйи сар гирифт.
Хулоса, келини хона оилаамонро пароканда карданист. Ҳоло бародарам дар мусофират аст ва ӯ албатта ба ин амали занаш бовар намекунад, зеро янгаам ӯро кайҳо гапдаро кардааст.
Оё ягон роҳе ҳаст, ки аз таъсири илму амал ва ҷоду оилаамонро халос кунем? Ва оё ҳамин гуна ҳолатҳо бо касе рӯй додааст, то ба мо маслиҳат диҳад?
Д. С., аз шаҳри Ҳисор