arzon replenishment
ЗАНГИ АВВАЛ ДАР МАКТАБИ №8
2191

 

Ҳамасола рӯзи 1-сентябрро ҳамчун “Рӯзи дониш” дар сар то сари ҷумҳурӣ ҷашн мегиранд. Ин рӯз махсусан барои хонандагони синфи 1 рӯзи муқаддас ва фаромӯшнашаванда мебошад, зеро ин хурдтаракон бори аввал ба даргоҳи илму дониш қадам мегузоранд.

Бо мақсади шарик шудан ба шодии ин писаракону духтаракони мисли лухтакчаҳои зинда ороставу пероста мо роҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и пойтахтро пеш гирифтем.

Саҳни мактаб ба таври идона оро ёфта, даста-даста толибилмон дар даст гулу гулдастаҳо бо табъи болида ба ин макони илму маърифат ворид мегаштанд. Шодии хонандагони синфҳои поёнӣ, махсусан кӯдаконе ки бори аввал ба остонаи мактаб қадам ниҳодаанд, ҳадду канор надошт. Ин тифлакони мисли асал ширин бо либосҳои шинаму зебои мактабӣ чунон назаррабо буданд, ки ба фариштаҳои хурдакак мемонданд. Падару модарон аз шодию хурсандии фарзандони худ курта-курта гӯшт гирифта, бо завқ аз дасти писар ё духтарчаи худ дошта, ба назди омӯзгорони меҳрубон мебурданд.

Пас аз тақдими гулу гулдастаҳо хонандагони синфҳои 1 бо роҳнамоии муаллимонашон ба синфхонаҳо ворид гаштанд. Аз хандаҳои беғаши кӯдакон аён буд, ки онҳо худро бениҳоят хушбахт эҳсос мекунанд ва ин лаҳза дар осмони орзуҳои наҷиби тифлонаи худ бе болу пар парвоз карда истодаанд.

Дарси аввал дар мактаб “Дарси сулҳ” аст ва мо ба омӯзгорон халал расонидан нахоста бо директори мактаб Боронов Азизбек Баҳронович ҳамсӯҳбат гаштем.

 

-Шумо ва аҳли Муассисаро ба рӯзи дониш табрику таҳният мегӯем. Устод барои ман хеле аҷиб аст, ки шумораи синфҳои 1 дар мактаби шумо то Л идома ёфтааст. Дар замоне, ки мо таҳсил мекардем, танҳо ду-се гурӯҳ буд-Яки А ва Яки Б...

-Сабаби ин дар он аст, ки шумораи хонандагони синфи 1 сол то сол зиёдтар мешавад. Азбаски муассисаҳои таълимии таълимашон бо забони русӣ камтар аст, бисёриҳо фарзандони худро ба мактаби мо меоранд. Аз худи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 500 нафарро қабул кардаем.Бача, ки зиёд аст, албатта шумораи синфҳо ҳам бештар мешавад.

-Омодагии хонандагони синфи якум ба мактаб нисбат ба солҳои пешин рӯ ба беҳбудӣ овардааст?

-Бале, дар ҳақиқат солҳои охир падару модарон барои таълим гирифтани фарзандонашон бештар таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Дар комиссияи қабул, ки омӯзгорони таҷрибадор бо хонандагон сӯҳбат мегузаронанд, мо шоҳиди он мешавем, ки кӯдаконро дар хона ва дар боғча хеле хуб тайёр кардаанд. Дар муқоиса ба солҳои пешин кӯдакон хеле зираку доно шудаанд.

-Дар қабули синфҳои ибтидоӣ имсол ба чӣ мушкилиҳо дучор шудед?

-Мушкилии асосӣ ин зиёд будани талабгор аст ва муассиса имконияти қабули ҳамаи онҳоро надорад. Ба ҳар ҳол вобаста ба ноҳия ва маҳалли зист хонандагонро қабул кардем.

-Онҳое ки таҳсилоти томактабӣ гирифтаанд, аз онҳое ки яку якбора ба мактаб меоянд, чӣ афзалият доранд?

-Хонандагоне, ки дар муассисаҳои томактабӣ буданд, аз кӯдаконе, ки ба боғча нарафтаанд, албатта фарқ доранд. Аммо ҳастанд ҳолатҳое, ки падару модарон фарзандонашонро мустақилна ба мактаб тайёр мекунанд ва омодагии ин кӯдакон хеле хуб аст.

-Барои инкишофи тафаккури зеҳнии кӯдак ҳамчун мактабдор ва омӯзгори пуртаҷриба ба волидайни кӯдакон чӣ маслиҳат медиҳед?

-Ман ҳаминро қайд карданиям, ки тарбияи кӯдак аз батни модар бо меҳрубониҳои падар ибтидо меёбад. Мо ин нуктаро ба падару модарон зимни маҷлис ва чорабиниҳои гуногун доим таъкид мекунем. Вақте кӯдак ба синни 4 солагӣ қадам мемонад, 400 савол дар майнаи сари ӯ пайдо мешавад. Кӯдак бояд ба саволҳои худ ҷавоб бигирад. Оилаҳое ҳаст, ки аз ҷиҳати педагогиву равонӣ ин чизро дарк кардаву медонанд, аммо оилаҳое низ ҳастанд, ки ба ин чиз беэътиноӣ зоҳир мекунанд.

-Аксари волидон кӯшиш мекунанд, ки фарзандонашонро ба муаллимони сиёсат дошта супоранд, то бача аз устодаш тарсида нағз хонад. Назари шуморо дар ин масъала донистан мехостам...

-Устод бояд шогирдро мисли фарзанди худ дониста бо ӯ ҳалиму меҳрубон, вале дар баробари ин сахтгир бошад. Донишро бо тарс ва таҳдид дар дили бача ҷой карда намешавад. Кӯдак аз шахсе меомӯзад, ки ӯро дӯст медорад. Мо дар муассиса равоншиноси худро дорем ва бо кӯдаконе, ки ягон мушкили равонӣ доранд, кор мебарем.

-Дар охир чи таманно доред?Азбаски рӯзи дониш дар арафаи 30-солагии Ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон ид карда мешавад, мехоҳам тамоми ҳамватанонро бо ин ду рӯзи муқаддас табрик ва таҳният бигӯям.

-Барои сӯҳбат як ҷаҳон ташаккур! Бори дигар рӯзи дониш бароятон муборак бошад!

Ёдрас мешавем, ки дар соли хониши 2020-2021 дар кишварамон 3911 муассисаи таълимӣ фаъолият намуда, дар онҳо 2110285 хонандагон таҳсил мекарданд. Имсол 240 000 хонанда ба синфи якум рафтанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД