arzon replenishment
Занеро, ки маро ба дунё овардааст модар гӯям ё занеро, ки калонам кард?
1473


Салом “Оила”-и азиз!
Мехостам дар як масалаи муҳим аз шумо ва бародарону апаҳои гиромӣ маслихат пурсам.

Узр мехорҳам, ки макони зиндагӣ ва ному насабамро гуфта наметавонам. Намехоҳам, ки ин сир фош нашавад, чунки шарм медорам.

Мо дар оилаамон хушу хурсандона зиндагӣ мекардем, вале якчанд рӯз пеш фаҳмидам, ки зани маро ба воя расонида, ки бо тамоми вуҷудам дӯсташ медорам, дар асл маро тавалуд накарда будааст. Дар замони ҷавониаш падарам бо зане, ки то ҳол ман ӯро намешиносам, никоҳ карда, маро ба дунё овардаанд. Намедонам баъдтар байнашон чи гап гузашта бошад, ки падарам он занро талоқ дода, зани дигар мегирад. Маро, ки он вакт ҳамагӣ 3 сола будаам, падарам назди занаш меорад. Арӯсак маро хуб қабул карда мисли фарзанди худ бо меҳру муҳаббати беандоза ба камол мерасонад. Ман аз ин сирру асрор бехабар то ин дам зани падарамро очаҷон мегуфтам ва бо ҷону дил дуст медоштам, вале баъди шунидани он ки дар асл маро ин зан тавалуд накардааст, ҳар гоҳ, ки оча гуфта фарёд мезанам, аламам меояд, ки кош аз батни ҳамин фариштаи зебо мебаромадам.

Хулоса, зане, ки маро ба дунё овардааст, дараки маро ёфтааст ва ҳар гоҳ занг мезанад. Вақте ки вай занг мезанад, тамоми вуҷудамро тарсу ҳарос фаро мегирад. Намедонам ӯро чи гуфта ҳамроҳаш гап занам. Ҳоло ман дар дуроҳаи қисмат байни ду модар банд мондаам ва ҳеҷ намедонам чи кор кунам. Раваду он зан аз ман ягон чиз талаб кунад ва ё модарвор мр кунад, ман бояд гапашро не нагӯям ё ту модари ман нестӣ, ман туро намешиносам, гуфта дағалона аз зиндагиам дураш созам?

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Ногуфта намонад, ки ман 18 сола ҳастам, вале мисли кӯдаке, ки шишаи ширашро шикастаанд, дар танҳоӣ нишаста гиря мекунам. Худро доштан бароям бениҳоят душвор аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД