Чанде пеш дар сомонаи Oila.tj номаи мардеро таҳти унвони “Дуздии ҷияни занамро бубахшам” мутолиа намуда, сахт асабӣ шудам.
Дилам ба ҳоли муаллифи нома сӯхт, ки бо азобу машаққат дар муҳоҷират пул ба даст овардаасту онро ҷияни занаш дуздида рафтааст. Айни замон занаш таҳдид мекардааст, ки “агар ҷиянамро аз озодӣ маҳрум кунанд, ман баромада ба хонаи падарам меравам!”.
Бародари гиромӣ! Бигзор занатон ба хонаи падараш рафтан гирад, модоме ба қадри меҳнату заҳматҳои шумо намерасад, чор тарафаш қибла! Баъзе занҳо гумон мекунанд, ки дар муҳоҷират пул ёфтан кори осон аст. Зани оқила мешуд, ба хотири ҷияни дуздаш зиндагии ободашро вайрон намекард.
Маслиҳати ман ба шумо ҳамин аст, ки пулҳои худро талаб кунед. Бигзор хешовандони занатон пулҳоро ёфта, оварда диҳанд, танҳо дар ҳамин сурат аз гуноҳи ҷияни дуздбачаашон гузаред!
Дар азми худ қавӣ бошед, он гоҳ ҳатман ба мақсад мерасед!
Хонандаи Oila.tj