35 years of independency
Зане, ки 738 рӯз дар болои дарахт зиндагӣ кардаст
61

Зане, ки 738 рӯз дар болои
дарахт зиндагӣ кардаст
Ҷулия Ҳилл, сокини Амрико, яке аз дӯстдорони табиати зинда дар арсаи олам эътироф гардидааст. Ҷулия 10-уми декабри соли 1997 бо як амали ғайриодиаш ҷаҳониёнро ба ҳайрат овард. Ӯ барои ҳифзи дарахти 1000-сола, ки дар қатори дигар дарахтони бешазори зодгоҳаш бояд бурида мешуд, аксуламали аҷибе нишон дод. Ӯ болои дарахт баромада, 738 рӯз поён наомад. Ҳатто, шароити бади моддӣ ва номусоидии боду ҳаво руҳияи ин духтари қавииродаро нашикаст. Албатта, ин иқдоми ӯро ҳамтоёнаш дастгирӣ намуда, барои будубошаш дар болои дарахт ёрӣ расонданд. Танҳо соли 1999 пас аз ба имзо расидани шартнома аз тарафи ширкати «Pacifie Lumbez» дар бораи ҳифз намудани ин ва дигар дарахтони гирду атроф Ҷулия аз дарахт поён шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД