Сулаймон Саидғозиевро нафаре нест, ки надонаду нашиносанд. Ӯ бо саҳнаҳои ҳаҷвиаш дар дилу дидаи тамошобинонаш маъво гирифтааст. Сулаймонро бештар дар нақши хушдоман мебинанду аз саҳнаҳои тамошобабаш хурду калон рӯдакан мешаванд. Бахшида ба рӯзи ханда мо тасмим гирифтем, ки бо ин марди ҳунар ҳамсуҳбат шавем. Мутаваҷҷеҳ бошед!
-Сулаймон вақте пурра бо Муқимҷон Абдуфатоев корро қатъ кардед, дар Театр-студияи “Коно ва Доно” кор чӣ гуна ранг дорад?
-Бовар кунед, кор дар авҷи аъло . Бо Гулбаҳор ва Конову Доно кор кардан, роҳати дигар дорад.
-Шуморо берун аз саҳна мухлисонатон чӣ гуна баҳо медиҳанд. Охир, дар нақши зан чунон бо маҳорат ҳастед, ки кас гумон намекунад, ки ин нақшро як мард дар симои зан офарида истодааст?
-Чунон ҳурмат мекунанд, ки ногуфтанӣ. Таърифро дӯст намедорам вале мақсади ман масхара не, мақсади ман ба баъзе келинҳои аз худрафтаи хоболуд, ки ягон зарра хушдоманашонро писанд намекунанд, дарс омӯзондан аст. Бешак ба ман занг зада мегӯянд, ки фалон саҳначаат аз ҳайёти мо асту дигараш рӯзгори ҳамешагии ману хушдоманам аст. Ин ҳамаро ман ҷамъ карда, дар саҳнаҳоям нишон медиҳам.
-Бозидани нақши зан осонтар аст ё мард?
-Ман, ки мард ҳастам, албатта бозидани нақши мард бароям осонтар аст, чунки хислату хӯйи мардонаро хуб медонам. Дунёи зан тамоман дигар аст. Барои он ки нақши бозидаат боварибахш барояд, баъзан моҳҳо хислати қаҳрамон, мимика ва тарзи рафтору гуфторашро омӯхтан лозим мешавад.
-Шумо дар офаридани нақши занҳо устод доред?
-Бале, занам устоди ман аст. Ӯ нозукиҳои хислати занонаро ба ман меомӯзонад ва кӯшиш мекунад, ки байни омма саҳнаҳоям ба қавле “неестественный” набарояд. Саҳнаҳои ҳаҷвиро тамошояш осон аст, барои тавлиди ҳар як нақш он қадар ҷон коҳондан лозим меояд, ки ногуфтанӣ.
-Росташро гӯед бо Муқимҷон Абдуфаттоев кор кардан осонтар буд ё бо Гулбаҳору Конову Доно?
-Барои ман кор бо кадоми онҳо хубтар аст ё бад муҳим нест. Аз ҷое, ки нон хӯрдӣ, намакдонро пос дор гуфтаанд. Ман фарқ намегузорам, чунки ҳадафи ман на Муқимҷон ё Конову Гулбаҳор, балки тамошобин аст. Муҳим он аст, ки саҳна ба мардум писанд ояд. Сарфи назар аз он ки кадом театр аст, ҳамеша кӯшиш мекунам, ки бо ҳазлҳои намакин хотири тамошобинро шод гардонам.
-Аз бемории коронавирус хавф надоред?
-Ман худ пизишк ҳастам ва ба аҳлу оилаам ҳамеша тавсия медиҳам, ки дастонашонро бо собун шустушӯ намуда, баъдан хӯрок истеъмол намоянд ва ба ҷойҳои серодам нагарданд. Саҳнаи навбатии мо низ дар арафи иди Ханда низ ҳамин мазмунро дар бар мегирад. Пешакӣ мегӯям, ки мо сироятёфтаҳоро дар саҳна танқид не, балки пешгирии ин ваборо ба эшон хуубтар мефаҳмонем.
-Падари сахтгиред ё фарзандонатонро эрка мекунед?
-Падар сахтгир набошад, кӯдакон аз худ меравад. Вазифаи падар на танҳо таъмин кардани аҳли оила, балки ҳамчунин тарбияи фарзандони солеҳ ва боодобу хушахлоқ аст.
-Барои Сулаймон дар зиндагӣ чӣ муҳим аст: шуҳрат ё пул?
-Ман фикр мекунам, ки шуҳрат ва пул дар як радифанд. Бе яке аз онҳо кори ҳунарманд пеш намеравад.
-Шумо бештар ситораҳои санъатро дар риштаи ҳаҷв ба танқид мекашед. Наметарсед, ки ягон рӯз шуморо дошта, мурдакӯб мекунанд?
-Ман ситораҳои санъатро танқид не, тақлид мекунам. Як вақт журналистон овоза карда буданд, ки Шабнами Сурайё барои суруди “Таралай лай” сароиданам ба суд кашида, хуб лату кӯбам кардааст. Лекин ин овозаҳо беасосанд. Шабнам маро бинад, аз ханда худро дошта наметавонад.
-Ҳаҷвнигорон бе ҳазлу шӯхӣ зиста наметавонанд, барои болида гаштани хотири мухлисонатон дар охири сӯҳбат ягон латифа накл мекардед?
-Духтараке, вориди бонк мегардад. Мебинад, ки одамони зиёд интизори гирифтани маблағ ҳастанд. Дар паҳлӯи як мӯйсафед нишаста, ба ногоҳ атса мезанад. Мӯйсафед,ки аз бемории коронавирус дар тарс буд, бо садои баланд мегӯяд: Духтарам, то атса задана як бор газ хориҷ мекародӣ, болотар буд. Ҳамаро тарсондие... Духтарак аз шиддати шарм суп-сурх гашта, охиста бонкро тарк мекунад