Formula novemver 2024
Занам нодухтар буд, вале...
13.03.2022
Оила
4170

Ман як ҷавонмарди дар зиндагӣ фиребхӯрдае ҳастам, ки имрӯз барои содагиву некиҳои кардаам сахт пушаймонам. Гап сари он аст, ки ман шаби аввали тӯямон занамро нодухтар ёфтам. Занам дарҳол ба ман иқрор шуд, ки доманашро як ҳамсинфаш доғдор карда будааст.
Кори савод мекунам гуфта сирашро пӯшондам ва ба касе чизе нагуфта, зиндагиро идома додам. Ҳамин тавр баъди якуним соли тӯямон фарзанддор шудем, вале занам дар ин муддат хеле нописанду мағрур шуда, рӯз ба рӯз нағмаҳои нав мебаровард. Зуд-зуд ба хонаи модараш рафта, ба хона баргаштан намехост. Хушдоманам ба ҷои он ки духтарашро насиҳат кунад, ӯро балво медод ва муносибати мо рӯз ба рӯз сард шудан мегирифт. Рӯзе барои овардани занам ба хонаашон рафтам, вале модараш наздам баромада,дағалона гуфт, ки духтарам бо ту зиндагӣ кардан намехоҳад. Хун ба сарам зада, дар ҳамон ҷо ҷавобашро додаму ба хона баргаштам, аммо дилам барои фарзандам хун аст. Аламам мекунад, ки дар вақташ ман занамро аз шармандагӣ ва хушдоманамро аз беобрӯгӣ халос карда будам, вале ин носипосҳо ба рӯйи ману бахти худ туф карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД