formula55
Занам маскун шуда аз худ рафт
1207

 Салом! Одатан мардон сирру асрори худро ба касе намегӯянд, вале ман маҷбур шудам, ки ба хотири фарзандонам мушкилоти оилавии худро навишта, аз хонандагони рӯзгордидаи сомонаи Оила. ТЧ маслиҳат бипурсам.

Ману ҳамсарам соҳиби 4 фарзанд ҳастем, вале тавре ки мегӯянд, ситораҳоямон дар зиндагӣ ҳеҷ бо ҳамдигар рост наомаданд, ки наомаданд. Соли 2021 бо хоҳиши занам барои ҷудо шудан ба суд ариза пешниҳод кардем.

Суд ба мо 4 моҳ мӯҳлат дод, вале дар ин давра ба созиш омада натавонистем ва ҳамин тавр ақди никоҳамонро бекор намуданд, вале...

Пас аз 4-5 моҳ ба хотири фарзандонамон ба қозиёт рафта, маслихат пурсидем. Намояндагони дин маслиҳат доданд, ки фарзандонамонро зиндаятим нагузорем ва моро дубора никоҳ карданд, аммо занам ҳамагӣ ду моҳ орому осуда бо ман зиста, боз нағмаҳои пештараашро сар кард ва зиндагиро идома додан нахост.

Ҳарчанд мефаҳмондам, ки ману ту якто не, дуто не, чор фарзанд дорем, ҳушатро ба сарат гир, охир дар ин замона ягон кас ба фарзандони мо на модар шуда метонаду на падар, вале ин зани якрав “ман бо ту дигар зистан намехоҳам” гӯён, ду пояшро ба як мӯза андохт, ки ҷудо мешавем.

Ҳамин тавр боз ҷудо шудем ва суди ноҳияи Фирдавсӣ ҳамсару фарзандонамро дар хонаи мо маскун кард. Ман зидди маскун шудани ҳамсару фарзандонам нестам, вале занам тамоман ба қонуну қоидаҳои маскун риоя намекунад, бар замми ин, кӯдаконро нигоҳубин накарда, мудом дод фарёд мезанад ва қасдан онҳоро озор медиҳад, то ки маро асабонӣ кунад.

Чанд маротиба ба хубӣ фаҳмондам, ки яке аз сабабҳои бекор шудани маскун ин риоя накардан ба қонуну қоида мебошад. Ҳушатро ба сарат гир, агар маскунат бекор шаваду аз хона баромада равӣ, ҳоли ту ва фарзандонамон чӣ мешавад?! Аммо собиқ ҳамсарам заррае парво надорад. Маҷбур шудам, ки ба шумо муроҷиат намоям. Илтимос, маслиҳатам диҳед, чи кор кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД