Arzon march 2024
Занам маро бо акаҳоям душман карданист
14.10.2024
ОИЛА.ТҶ
1164

Салом! Ман як ҷавонмарди муҳоҷири тоҷик аз шаҳри Новосибирск, мехоҳам дар як масъалаи хеле муҳим аз шумо маслиҳат бипурсам.

Мо дар оила 5 писару як духтар ҳастем. Апаам шавҳар ва 3 фарзанди баркамол дорад, ҳамаи бародаронам низ оиладоранд ва чандтогӣ фарзанд доранд. Азбаски писари хурдии оила ҳастам, маслиҳат шуд, ки ҳамакаса кор карда, барои акаҳоям замин мегирем ва хона сохта медиҳем, то кӯчида раванд, хонаи падарӣ бошад, ба ман мемонад.

Ростӣ то вақти зангириам дар ин масъала байни ману акаҳоям ягон нофаҳмӣ набуд. 5 бародар аз як гиребон сар бароварда, якҷоя кор кардем ва замин гирифта, барои ду бародарам хонаву дари алоҳида сохтем. Ҳарду кӯчида рафтанд. Дар ин миён бародаронам пул партофта, бо тӯйи боҳашаммат маро хонадор карданд.

Пас аз ду моҳи тӯй ман боз ҳамроҳи бародаронам ба Русия коркунӣ омадам. Арӯсам гиряву ноларо сар кард, ки ӯро партофта наравам, вале ба ӯ фамондам, ки чораи дигар надорам, чунки мо нонамонро аз мулки рус меёбем.

Хулласи калом, як-ду сол кор карда, боз барои ду бародари дигарам замин гирифтем. Ният дорем, ки имсол пойдевори хонаҳояшонро бирезем ва зудтар сохтмонро ба анҷом расонем, то онҳо ҳам аз паси зиндагиашон шаванд, вале зани ман ду пояшро ба як мӯза андохтааст, ки ман духтари шаҳрӣ, дигар дар қишлоқ зиндагӣ кардан намехоҳам, аз шаҳр хона бигир, тезтар кӯчида равем. Ҳарчанд мефаҳмонам, ки занак, ман писари хурдии оила ҳастам ва парастории падару модарам бар дӯши ман аст, фаҳмидан намехоҳад. Нархи хона дар шаҳр ба ҳама маълум аст, охир ман як ҷавони муҳоҷир аз куҷо як миллион сомонӣ пул меёбам, ки аз шаҳри Душанбе хона харам?! Кӯшиш мекунам инро ба ҳамсарам фаҳмонам, аммо дар ҷавоб мегӯяд, ки чандин сол боз ту мисли ғулом дар Русия барои акаҳоят кор карда гаштаӣ, гӯй, ки 10-20-ҳазордолларӣ диҳанд, то ки мо аз шаҳр хонаи алоҳида харида, кӯчида равем. Акаҳоям чунин имконият надоранд. Охир, чӣ хел аз гиребони онҳо гирифта, талаб мекунам, ки ҳар кадоматон ба ман 20 ҳазор долларӣ пул диҳед?...

Хулласи калом, сарҳисоби корамро гум кардаам. Мехоҳам аз ин зани шаттоҳ ҷудо шавам, аммо модарам розигӣ намедиҳанд, чунки алакай ду писарчаи дугоник дорем. Дар байни ду сол занамро ду маротиба ба Русия овардам, то ки дилаш ором бигирад, аммо дар ҳамин ҷо ҳам дилу ҷигарамро хӯрд, ки ту бо баҳонаи кор то нимаҳои шаб гум шуда меравӣ, боварӣ дорам, ки маъшуқа дорӣ ва ғайра...

Мо дар сохтмон кор мекунем ва вақти занбозию духтарбозӣ надорем, вале занам аз пеши худаш чунон афсонаҳое мебофад, ки ногуфтанӣ. Бовар кунед, ҷонам аз дасти ин зани бадрашк ва худпарасту худхоҳ ба лабам расидааст. Ҳар моҳ 15-20 ҳазор рубли русӣ равон мекунам, ки чизҳои дилхоҳашро харида, касеро асабонӣ накунад, лекин на бо пул дамашро мегираду на бо панду насиҳат. Пеш аз тӯй дар наздаш шарт гузошта будам, ки дар деҳа зиндагӣ мекунем, розӣ шуда буд, аммо баъди дугоник таваллуд кардан ба қавле буҷулаш якбора асп хест ва акнун ду пояшро ба як мӯза андохтааст, ки аз шаҳр хона бигир, кӯчида равем.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

М. С., аз Новосибирск

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД