Formula novemver 2024
ЗАНАМ БӮЙИ ҲАФТ ХАР МЕКУНАД, ЧӢ КОР КУНАМ?
21103

Бо Назира ном духтараки деҳотӣ панҷ моҳ пеш оиладор шудем. Холаам Назираро таги чашм карда буд ва мани сода калонсолҳо дар интихоби келин хато намекунанд гӯён, надидаю насанҷида ӯро ба занӣ гирифтам.

Бадбахтона келини қишлоқии холаам ёфта, як духтари чалфаси шабушгин будааст. Дар як моҳи зиндагӣ аллакай дилам аз зандорӣ хунук шуд. Дилам намекашад, ки ҳамроҳаш сар ба болин гузорам.

Кадом мард мехоҳад зани ифлосаки шабушгинро ба оғӯш гирифта, меҳрубонӣ кунад? Ягон мард намехоҳад дар бари зане бихобад, ки аз танаш бӯйи ҳафт хар меояд! Доим бо модарам ҷанҷол мекунам, ки ба гапи хоҳараш рафта, ҳаёти маро сӯзонд, вале аз ин моҷароҳо суде нест. Дар назди хешу табор аз зани гирифтаам шарм медорам.

Аксари меҳмонҳое, ки келинбинӣ меояд, ошкоро мепурсанд: «Барои чӣ ин арӯс ба худаш аҳамият намедиҳад?» Замин намекафад, ки баъди шунидани чунин эродҳо дарояму дигар рӯйи арӯси шабушгинамро набинам. Назираи телба маро дӯст медорад ва аз доштани чунин шавҳари олуфтаю зебо фахр мекунад, вале ман ӯро чашми дидан надорам.

Ситорааш, хулқу хӯяш, суханронию рафтораш писандам нест. Зудтар аз ин мараз халос шудан мехоҳам, вале модарам сади роҳам шуда истодааст. Ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам, мардум?!

Зубайдулло, сокини ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД