ЗАНАКБОЗӢ САРИ ШАВҲАРАМРО ХӮРД
...Хусурам “ту нафаро” гӯяд ҳам, ман аз қафояшон вориди бино шудам. Дар дохил касе набуд, фақат як мард моро “истед, ҳозир мебарорем” гуфта рафт. Дар даҳлез як зани дигар “духтараме, духтари сиёҳпичаи раҳгумзадаме, духтари бадбахтаме” гӯён, нола мекард. Ҳамин вақт аз дарун пасопеш ду ҷасадро оварда, якеашро пеши он зан гузоштанду якеашро пеши мо. Аз дарун ҳамроҳи мардони сафедпӯш шавҳари хоҳаршӯи калонияму писарамаки дигари Илёс баромаданд, яъне онҳо пешакӣ омада буданд...
Қадами Қурбон дар дами марг аст?
...Ба гуфтаи овозхон, ин бемории номаълум қаблан ҳам ӯро озор медод, аммо бо истифода аз сӯзандоруву доруҳои таскинбахш худро ором карда, ба корҳои ҳамешагиаш машғул мешуд. Билохира, беморӣ ӯро аз по меафтонад ва овозхонро беҳушу беёд ба аробача бор карда, ба беморхона мебаранд. “Ман аз хурдӣ одате дорам, ки дар берун чизе хӯрда наметавонам. Аз тӯю маъракаҳо низ гурусна баргашта, дар хона нонро дар оби хунук тар карда мехӯрам, мисли он ки гӯштбирён хӯрда истода бошам”,-мегӯяд ҳазломез Қадами Қурбон дар хусуси хӯронидани ҷоду ба ӯ...
Занам зани дуюми ман шуданист
...Падари 80- солаам дар пириаш аз дасти келину хешони ӯ носипосиву таҳқир дид. Ранҷу озори падарамро таҳаммул карда наметавонам. Бинобар ин, маҷбурам бо ҳамсарам ақди никоҳамонро бекор намоям. Занам аз кардаҳояш пушаймон асту таассуф мехӯрад ва илтиҷо менамояд, ки дар поёни ҳавлӣ кулбаяке сохта, ӯро ҷой диҳам ё зан гирифта, ӯро ҳамчун зани дуюм дар хонаи худ ҷой намоям. Аммо ин магар мумкин аст?...
Сито Қосимӣ: Бар хилофи хоҳиши падарам овозхон шудам
...-Аслан, ман аз хурдӣ ба ҳунару ҳунармандӣ завқ доштам, аммо иҷоза надоштам. Падарам бисёр зебо суруд мехонад, вале ӯ низ иҷоза надошт, ки суруд бихонад. Ба ҳамин хотир, вақте ки дар Аврупо будему ба падарам гуфтам, ки овозхон мешавам, ӯ иҷоза надод. “Вақте ки падарат нахонд, ту ҳам бояд нахонӣ” гуфт. Аммо ман одате дорам, ки агар кореро кардан хоҳам, онро ҳатман мекунам ва касе пеши роҳи маро гирифта наметавонад. Воқеан, оғози фаъолияти ман хеле ҷолиб аст...
Филмҳои тасвирӣ кӯдакро гунг мекунанд?
...Набераам то синни 5.5 солагӣ гап мезад, суруд мехонд, вале бе ягон сабаб баъди тамошои филмҳои тасвирии тоҷикӣ, русӣ, эронӣ, туркӣ худ аз худ забонашро тамоман гум кард. Гап намезанад, кам-кам фарёд мекунад, гоҳҳо гиря ва худ ба худ гап мезанад ё ханда мекунад. Хеле серҳаракат аст. Дар шаҳри Душанбе ба духтурони зиёде нишон додем, вале беҳбудӣ дида нашуд. Шумо ба мо чӣ маслиҳат медиҳед?..
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 6-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 9-уми феврали соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52
“Маро танҳо нагузор”
Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!
Диққат, диққат, диққат!!!
Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад.