Салом! Ман ду шаб пай дар пай заминларза хоб дидам. Дар хобам бар асари заминҷумбӣ хонаам вайрон шуда буд ва бо тамоми овоз гиряву нола мекардам.
Хобамро ба модарам нақл кардам, он кас зиқ шуда гуфтанд, ки эҳтиёт шавам, чунки заминларза дар хоб аз бадбахтӣ ва ҷудо шудани зану шавҳар дарак медиҳад. Ман модари 3 фарзанд ва айни замон боз ҳомиладорам. Сахт парешонам, ки мабодо ягон ҳодисаи нохуш рӯй дода, фарзандонам бе падар нагарданд. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.
Шаҳодат аз Тавилдара
Посух
Хоҳари азиз, ташвиш накашед, хоби шумо нишонаи сар задани ягон ҳодисаи нохуш нест. Дар хобномаҳо омадааст, ки агар зани ҳомиладор хоб бинад, ки заминҷумбӣ шудааст, таъбири хобаш нек буда, ба зудӣ соҳиби фарзанд мегардад.
Модар хоб бинад, ки кӯдакашро баъди заминларзаи сахт аз зери харобаҳо бароварда истодааст, бояд нисбати фарзанди худ бодиққат ва бисёр эҳтиёткор бошад, зеро чунин хоб аз гирифтор гаштани кӯдакон ба ягон бемории вазнин, садама ё ҳодисаи нохуш дарак медиҳад.
Заминларза дар хоби наварӯсон чандон хосияти хуб надорад. Арӯси нав чунин хоб бинад, шавҳараш ба ӯ хиёнат мекунад ё байни зану шавҳари ҷавон аз рӯйи рашк ҷангу ҷанҷоли сахт сар мезанад. Домод ё арӯси нав хоб бинад, ки хонааш бар асари заминларза вайрон шуда, бо сад ранҷу азоб аз зери вайронаҳо ҷуфташро кашолакунон ба берун бароварда истодааст, касе дар бораи ин ҷуфт овозаи нохушеро паҳн мекунад ё бо туҳмату иғвои оилаи онҳоро вайрон кардан мехоҳад, вале бо кӯмаки ҳамдигар зану шавҳар оилаашонро аз ҷудоӣ наҷот дода метавонанд.
Заминларза дар хоби мардон як навъ огоҳӣ мебошад. Мард хоб бинад, ки бар асари заминларза дару девори манзилаш ларзида истодааст, ин ишорат бар он аст, ки касе дар хонаи ӯ ба зинокорӣ машғул аст ва Худованд аз ин сахт дар ғазаб гаштааст. Заминларза дар хоби мард нишонаи беморӣ ё сар задани ягон ҳодисаи нохуш дар ҳаёти яке аз аъзоёни оила, бародар ё дӯсти наздики шахси хобдида низ буда метавонад.
Хоб бинед, ки заминларза шудааст, вале манзили шумо нею хонаи ҳамсоя ё ягон шиносатон вайрон шудааст, шахсе, ки хонааш вайрон шуда буд, ба ягон фалокат ва ё бемории сахт гирифтор шуда мемирад. Мард хоб бинад, ки хонааш дар заминларза вайрон шудааст, байни ӯ ва ҳамсараш ҷанҷоли сахт ба вуҷуд омада, кор то ба ҷудоӣ расида метавонад, бинобар ин, шахсе, ки чунин хоб мебинад, кӯшиш кунад, ки тамоми нофаҳмиҳои дар хонаводааш мавҷуд бударо бо хушӣ бартараф намуда, бо ғамхорию меҳрубонӣ дили ҳамсарашро ба даст биёрад ва оилаи худро аз вайроншавӣ эмин дорад.