Вақте инсон дар ҷодаи ҳаёт қадам мегузорад, фикр мекунад, ки ҳамеша роҳи ҳамворро тай менамояд, вале дар асл зиндагӣ пастию баландиҳои бисёре дорад.
Одам бояд ин шебу фарозҳои роҳи қисматро сабурона пушти сар намояд. Зиндагии ман низ пур аз ғаму ғурбат ва моҷарою ҷангу ҷидол буд. Аҳли оилаи хусурам дар рӯям мегуфтанд, ки модарат аз ту безор буд, барои ҳамин туро тез ба шавҳар дод, то ки ҷонаш халос шавад. Гӯшамро ба карӣ зада, чунон вонамуд мекардам, ки гӯё суханҳои талх ва кинояву дашномҳояшонро намешунавам.
Баъзан мехостам аз баҳри ҳамааш гузашта, баромада равам, вале боз фикри фарзандонам, фикри обрӯи волидонамро карда, астағфуриллоҳ мегуфтам.
Ниҳоят душвор бошад ҳам, сабр намуда, тамоми мушкилиҳои ҳаётро оҳиста-оҳиста пушти сар намудам. Рафта- рафта хушдоманам ба ман унс гирифт ва маро дар назди дӯсту душман таъриф мекардагӣ шуд. Агар ҳамон вақтҳо ман танҳо фикри худамро карда, баромада мерафтам, кӣ медонад, ки ҳоли бачаҳоям чӣ мешуд?! Фарзанди ҳар кас барои худаш азиз аст, ҳеҷ гоҳ паиндар падару моиндар модар намешавад. Барои ҳамин мо, занон бояд тақдири фарзандонамонро андеша карда, дар зиндагӣ сабуриро пеша намоем. Зан тоқӣ нест, ки агар ба сари як мард рост наомад, бемалол гирифта ба сари марди дигар гузорӣ. Зиндагӣ савдои умр аст, ба шавҳар, ки баромадӣ, хоҳ қанд хӯрда бошӣ, хоҳ фанд бояд ба ҳамааш тоқат кунӣ. Агар зан сабур бошад, оҳиста-оҳиста ҳамааш мегузарад ва албатта ба рӯзҳои хушу пурсаодат мерасад!
Амринисо, н. Ҷиргатол.