42 сол боз оиладор ва соҳиби 4 фарзанд ҳастем. Фарзандон ҳама соҳиби маълумот ва оиладор ҳастанд.
Аммо ҳамсарам тез-тез бо ман ҷанҷол карда, маро паст мезанад ва латтаву ноуҳдабаро меномад. Беҳурматии ӯ нисбати ман ба авҷи аълояш расидааст, вай маро ягон зарра писанд намекунад. Гап занам, ба миёни суханам лагад зада: “Ман кӯдак нестам, чӣ кор карданамро нағз медонам” гӯён, гап задан намемонад. Дини мубини ислом дар ин масъала чӣ тавсия медиҳад?
Т. Сарфарозов, ноҳияи Варзоб.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
Аз нигоҳи дини мубини ислом вақте мард ҳамсар интихоб мекунад, тамоми хурду хӯроку пӯшоки занаш бар гарданаш фарз аст. Бояд ӯро таъмин намояд. Дар навбати худ зан вазифадор аст, ки ҳурмату эҳтироми шавҳарашро ба ҷо биёрад. Рафту зан ба шавҳар итоат накунад, бояд хешу таборони марду зан ин масъаларо дар якҷоягӣ баррасӣ намуда, ба як хулосаи аниқ биёянд. Шариати ислом занҳоро амр мекунад, фармонбардори шавҳаронашон бошанд, то ҳаёти оилавӣ мустаҳкаму пойдор гардад. Оилае, ки шавҳар иззату ҳурмат надорад ва ҳамсараш ӯро итоат намекунад, баъид аст, ки як оилаи хушбахту мустаҳкам бошад. Итоат накардану беэҳтиромӣ нисбати шавҳар паёмадҳои хатарнок дорад. Ҳар як зан дорои хислату табиати хос аст. Яке фақат бо ду сухани самимӣ ислоҳ мешавад, дигаре бо изҳори озурдахотириву ғамгинӣ. Нафаре бо шиддату дуруштӣ ислоҳ мешаванд, дигаре бо насиҳати бузургон. Аз ин хотир, роҳҳои ислоҳи ҳамсарон низ гуногун аст. Ва бояд роҳи ислоҳи ҳамсаратонро ёбед.