arzon replenishment
Зан шавҳарро писанд накунад, чи ҷазо мебинад?
1171


42 сол боз оиладор ва соҳиби 4 фарзанд ҳастам. Айни замон ман нафақахӯр шудаам, занам бошад, мағозаи шахсии худро дорад. Ҳамсарам тез-тез бо ман ҷанг карда, маро паст мезанад ва гадою ноуҳдабаро меномад.

Мехоҳам назари дини мубини исломро дар мавриди заноне, ки шавҳарҳояшонро ҳурмат намекунанд, бидонам.
Саидраҳим Мадумаров, ш. Душанбе.

Посухи домулло Ҷамлиддин Хомӯшӣ
Аз нигоҳи дини мубини ислом вақте мард ҳамсар интихоб мекунад, тамоми хурду хӯроку пӯшоки занаш бар гарданаш фарз аст. Бояд ӯро таъмин намояд. Дар навбати худ зан вазифадор аст, ки ҳурмату эҳтироми шавҳарашро ба ҷо биёрад. Рафту зан ба шавҳар итоат накунад, бояд хешу таборони марду зан ин масъаларо дар якҷоягӣ баррасӣ намуда, ба як хулосаи аниқ биёянд. Дар сурати аз мард бештар маблағ кор кардан низ зан ҳуқуқ надорад ба шавҳараш беэҳтиромӣ кунад. Беэҳтиромӣ ба шавҳар дар назди шариати Ислом ҷурми бузурге аст. Мо аз шумо хоҳиш мекунем, ки бо ҳамсаратон ба назди имомхатиби маҳалла ва беҳтар аст ба Маркази исломӣ муроҷиат намоед, то ки чӣ ҳад нозук будани ин масъаларо дақиқтар бифаҳмед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД