Arzon march 2024
Зан шавҳарашро дашном диҳад, никоҳашон бурида мешавад?
06.04.2025
Oila.tj
785

Бибиҳо ва модарони мо нисбати шавҳаронашон эҳтироми хоса доштанд, вале вақтҳои охир рафтори бархе аз ҷавонзанҳоро мушоҳида намуда, ҳайрон мешавам. Онҳо дар ҳаққи ҳамсари худ суханҳои пасту баланди зиёде зада, дашному ҳақорат мекунанд. Магар ҳақорат кардани шавҳар барои зани мусалмон гуноҳ нест?

АМИР, шаҳри Норак

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Дини мубини ислом инсонро ба ахлоқи ҳасана даъват мекунад, хусусан, дар масъалаи хонаводагӣ. Байни ҳамсарон бояд эҳтиром вуҷуд дошта бошад. Пас аз итоати Худованд, итоати шавҳар барои зани мусалмон фарз аст. Аз нигоҳи динӣ зан ҳуқуқ надорад, ки шавҳарашро дуо ё ҳақорат кунад. Вақте модар нисбати падари фарзандонаш беэҳтиромӣ мекунад, таъсири манфиаш ба фарзандон ҳам мерасад. Дар оянда духтарони ин оила хонадор шуда, айнан рафтори модарро такрор хоҳанд кард ва ин метавонад боиси хонавайрон гаштани онҳо шавад. Аз ҳамин хотир ман ба тамоми бонувон маслиҳат медиҳам, ки эҳтироми шавҳарашонро ба ҷо оранд. Никоҳ бо дашном бурида намегардад, вале зане, ки шавҳарашро ҳақорат ё дуои бад мекунад, дар назди Худованд гунаҳкор мешавад. Занҳои ҳақоратчӣ бояд тавба карда, аз ин пас эҳтироми шавҳарро ба ҷо биёрад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД