Шунидам, ки истифодаи ранги сиёҳро шариат манъ кардааст. Фаҳмидан мехостам, ки оё бо ин ранг ранг кардани мӯи сар аз нигоҳи дини мубини ислом дуруст ҳаст ё не?
Ҳавасмоҳ, ш. Ваҳдат.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Хоҳари азиз, ранг кардани мӯйи сар дар дини ислом ҷоиз, вале ранги сиёҳ макруҳ аст. Ҳино карданро дини Ислом иҷозат медиҳад, лекин ин зебоиҳо бояд фақат барои шавҳаратон бошад. Зебогии шумо набояд барои барангехтани завқи мардони дигар бошад.