Имрӯз аксари занҳо аз маводҳои ороишии косметикӣ истифода мебаранд. Мехоҳам донам, ки зинат додани рўй, яъъне косметика кардани зан таҳоратро мешиканад ё не?
Мунира, ш. Турсунзода.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Зинат додани рўй таҳоратро намешиканад, вале агар чизе бошад, ки аз он об нагузарад (мисли лакҳое, ки дар нохун мемоланд), таҳорат дуруст намешавад. Он лакро аз узв тоза карда, сипас таҷдиди таҳорат бояд кард.