new banner new years
Зан коргару пулёб шавад, шавҳарро писанд намекунад?
2135

Зан коргару пулёб шавад,

шавҳарро писанд намекунад?

Зан натанҳо ҳамсар, модар ва нигаҳдоронадаи сафои хонадон, балки аъзои комилҳуқуқи ҷомеъа буда, бонувони муосир дар тамоми соҳаҳои ҳаёт нақши муассири худро мегузоранд. Аммо то ҳол дар ҷомеъа мо мардоне ёфт мешаванд, ки ба кор кардани духтар, ҳамсар ва занони хонадонашон мухолифат менамоянд. Сабиби ин падидаро равоншинос Ганҷина Салимова чунни шарҳ медиҳад:

- Мардҳо аксар вақт сабаби мухолифати қатии худро ба кор кардани зан таҳлил намекунан, вале бештар рашки барзиёд, муҳити носолими оилавӣ ва гапи мардум ба ин боис мешавад. Аслан зиддият нишон додани шавҳар ба кор кардани зан ба худи зан рабт надорад, мард метавонад аз нобоварии худ ба ҳамсараш иҷозати кор кардан надиҳад. Сабаби дигари монеъшавии мардон ба кор кардани зан ин тарси ниҳонии мард аст. Мард фикр мекунад, ки зан муваффақ гашта, даромади бештар ба даст биёрад, дигар ба шавҳар итоат намекунад. Дар чунин ҳолатҳо, оила мушкилоти зиёди иқтисодӣ дошта бошад ҳам, мард ба кор кардани занаш иҷозат намедиҳад, зеро намехоҳад ҳокимияти худро нисбат ба зан аз даст диҳад.

Равоншинос ба занҳое, ки мардони хонаводаашон ба онҳо иҷозати кор кардан намедиҳад, чунин маслиҳат медиҳад:

- Сараввал зан бояд дарк кунад, ки ӯ шахсияти мустақил аст. Шавҳар бояд дарк кунад, ки зан ҳангоми ба кор рафтан низ аз муҳаббати ӯ даст намекашад, баръакс, ин ба манфиати оила буда, муносибати шумо боз ҳам мустаҳкамтар мегардад, зеро барои суҳбат мавзӯҳои нав пайдо мекунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД