Arzon march 2024
ЗАН ХУДКУШӢ КАРДУ ШАВҲАР ЗИНДОН ШУД
3265


Беҳармона лату кӯб намудан ва пайваста ранҷу озор додани зан барои як идда мардони тоҷик одати маъмулӣ гаштааст.

Дар асри ХХ1 зиндагӣ карда истода, ин тоифаи мардон то ҳол занро ҳамчун як канизак қабул мекунанд ва бо мақсади “алови чашмашро гирифтан” барои хурдтарин гуноҳ ҷазои сахт медиҳанд. Рафтори бераҳмонаи чунин мардони бехирад метавонад боиси сар задани фоҷиа гардад.

Суди ноҳияи Рашт Искандаршо Саймаҳмадовро барои то ба худкушӣ расонидани зан ба мӯҳлати 5 солу шаш моҳ равонаи зиндон кард. Дар ин бораи Прокуратураи Генералии Тоҷикистон хабар додааст.
Искандаршо Саймаҳмадов моҳи августи соли 2020 бо Додова Н. Н. арӯсӣ намуда, ҳамсари ҷавонашро аз рӯзҳои нахустини зиндагӣ мудом лату кӯб мекардааст. Ин ҷавони муштзӯр барои ҳар як майда-чӯйда ба сари арӯси нозанинаш даст бардшта, ҷони ӯро ба лабаш меовардааст. Рӯзи 13-феврал байни зану шавҳар боз моҷаро бархоста Искандаршо бо баҳонаи он ки бе иҷозати ӯ ба хонаи волидонаш рафтааст, ҳамсарашро мурданивор мезанад ва дашному ҳақратҳои қабеҳ дода, шаъну шарафи инсонии ӯро паст мезанад.

Арӯсаки 7-моҳа дигар ба ранҷу азобҳои шавҳар тоб наоварда, соатҳои 7.30-дақиқаи субҳи 14-феврал, дар рӯзи ошиқон худро ба дор меовезад.

Пайвандони ин арӯсаки ормонӣ барои кушодани ҷасад иҷозат надода бошад ҳам, ин сирри дарднок пинҳон намонда, билхира ҳақиқат рӯйи об баромад.
Суди ноҳияи Рашт баъди баррасии ин парвандаи ҷиноӣ сокини деҳаи Машконаки ҳамин ноҳия Искандаршо Саймаҳмадовро бо қисми 2-и моддаи 109-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон (Бо роҳи таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори шахси ҷабрдида ба худкушй ё сӯиқасди худкушй расонидани шахс) дар марги ҳамсараш Додова Н. Н, гунаҳкор намуда, ба мӯҳлати 5 солу 6 моҳ равонаи зиндон кард.
Шавҳари мӯштзӯр ҷазоро дар коллонияи низомаш пурзӯр адо хоҳад кард. Бошад, ки баъди ин ақлаш ба ҷояш омада, тавба кунад ва дигар чунин бераҳмиро нисбати ҳеҷ як инсон раво набинад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД