arzon replenishment
Зан дар чанд муҳлат талоқшуда маҳсуб меёбад?
931


Мехостам донам, мувоффиқи таълимоти исломӣ агар зан дар хонаи падару модараш бошад, ки чи қадар вақт мард занашро суроғ накарда, аз аҳволи зану фарзандаш бехабар бошад, миёни онҳо талоқ ҳисобида мешавад?


Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ, Сардори Раёсати фатвои ҶТ

Ду ҳолат вуҷуд дорад. Аввалаш ин ки агар зан баноҳақ бо ҷангу ҷанҷол қаҳр карда баромада рафта бошад, нафақааш дар зимаи шавҳар нест.

Ҳолати дуюм ин ки агар ба ризогии шавҳар рафта бошаду минбаъд шавҳар ӯро сӯроғ накунад, чанд соле ҳам бошад истад, талоқ намешавад.

Аз таърихи 5 феврали соли 2001 таҳти №1 банди 8 қарори Шӯрои уламо қабулшуда ҳамин аст, ки агар бар шарте шавҳар баъди чор сол сӯроғ накунад, нафақаашро таъмин накунад, зан метавонад, ба Раёсати Маркази исломӣ муроҷиат кунад, бо овардани ду шоҳид ва нусха аз раиси маҳалла, пешниҳод кунад.

Дар асоси ин санадҳо метавонад, ки никоҳи мусалмониашон беэътибор дониста мешавад, дар сурате, ки никоҳи давлатии онҳо бекор карда шуда бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД