Ҳамсарам аз ман норозӣ аст. Як гап занам, зуд ба сарам дод зада мегӯяд, ки ту маро таъмин намекунӣ, ҳуқуқи гап задан надорӣ. Мехостам фаҳмам, ки ман болои занам чӣ ҳуқуқҳо дорам ва ҳамсарам чӣ корҳоро бояд ба анҷом расонад?
Фарҳод, н. Шаҳринав.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Аз нигоҳи дини мубини ислом нафақаи зан дар ҳама ҳолат бар гардани шавҳараш аст. Зан бояд обрӯи шавҳари худро нигоҳ дорад ва бе ризоият ва огоҳӣ аз хонаи ӯ берун нашавад. Дар сурати зарурат танҳо бо иҷозати шавҳараш зан метавонад ба сафар биравад. Муқаддастарин вазифаи зан эҳтироми шавҳар ва дар руҳияи одамгарӣ тарбият намудани фарзандон мебошад.
Зан набояд дар ҳузури шавҳар ва фарзандонаш суханони қабеҳ ва пасту баландро ба забон оварад, зеро ин боиси нороҳат шудани мард ва вайрон шудани тарбияи кӯдакон мегардад. Зани хуб фарзандонашро дашном ва дуои бад намекунад ва ҳеҷ гоҳ калимаи “падарлаънат”-ро ба забон намеорад, зеро медонад, ки ин суханони нафратовар ба падари фарзандонаш хуш намеоянд, бар замми ин, дар назди Худованд гунаҳкор шуда, ба ғазаби парвардигор гирифтор мешавад. Вақте ки шавҳар дар хона аст, зан ҳатто наметавонад рӯзаи нофила бигирад, ки ин далели ҳаққи зиёд доштани шавҳар аст.
Зан бояд ба хешу табор ва пайвандони шавҳараш хушбин бошад. Вақте ки зан бо падару модар ва хешовандони шавҳараш муносибати бад мекунад, ин маънои онро дорад, ки вай ба шавҳараш бадӣ кардааст. Мард бояд иҷозат диҳад, ки ҳамсараш ба аёдати хешовандони бемораш биравад, дар ҷанозаи онҳо иштирок намояд.