Arzon march 2024
Зан аз шавҳари майзада талоқ талаб кунад, гунаҳкор мешавад?
1049


Шавҳарам майхора аст, зиндагиамро худам пеш мебарам. Шояд шумо бовар накунед, вале дар ҳамин замонаи серию пурӣ ман қариб ҳар рӯз нони қоқ мехӯрам ва бештари вақт рӯзадорам. Ҳамаи ин ба он хотир аст, ки хостаҳои шавҳарамро ба ҷо орам. Ҷонам аз зиндагӣ ба лаб омадааст. Гиребони шавҳарамро гирифта, талоқамро талаб намоям, гунаҳкор мешавам?
Мастура, хонандаи “Оила”.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Аз нигоҳи шаръӣ зиндагӣ ҳам ба зан ва ҳам ба мард маҷбурӣ нест. Вақте ки мард вазифаи худро иҷро карда наметавонад, зан ҳақ ва ихтиёр дорад, ки талоқашро талаб намояд. Ривоят мекунанд, ки рӯзе як зане ба назди Пайғамбар (с) омада гуфт, ки “Ё расулаллоҳ, шавҳари ман ягон камбудӣ надорад, на аз ҷиҳати ахлоқ, на аз ҷиҳати шароити иқтисодии зиндагӣ, вале аз чӣ бошад, ки дилам ҳамин мардро дӯст намедорад ва хоҳиши бо ӯ зистан надорам”.Пайғамбар (с) ба он зан гуфтанд, ки “Оё метавонӣ ҳамон маҳреро, ки шавҳарат дар вақти хонадоршавӣ ба ту дода буд, баргардонӣ?” “Бале”,-гуфт зан. “Ин тавр бошад, моли сарфшударо баргардонида, талоқатонро бигиред”, - гуфтанд Расули Худо.

Табиати зану мард бо ҳамдигар созгор наояд ё мард вазифаҳои мардонаашро иҷро карда натавонад, аз ӯ талоқ талаб кардани ҳамсараш ягон ҷойи гунаҳкорӣ надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД