sebiston july new
Зан аз номи шавҳараш худро талоқ дода метавонад?
647

Дар оилаи мо як воқеаи нохуш рӯй дод. Хоҳарам бо шавҳараш ҷангҷол карда, гуфтааст, ки ман аз номи ту худамро 3 талоқ кардам. Инак, ба хонаи шавҳараш барнамегардад, ки ман талоқшудаам. Мехоҳам донам, ки оё дар ислом зан метавонад худашро худ талоқ диҳад?

Замира, ш. Душанбе.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Бе иҷозати мард зан наметавонад хешро талоқ диҳад. Аммо вақте мард ба зани худ гӯяд: «ихтиёр кун» ва бо ин ибора талоқро дар назар дошта бошад, зан дар ҳамон ҳолате, ки сухани шавҳарашро шунид, худро талоқ диҳад, талоқ воқеъ мешавад. Аммо аз он ҳолат ба дигар ҳол баргардад, масалан нишаста буд бархост, ё истода буд ба қадамзанӣ даромад, ихтиёраш аз дасташ меравад ва худро талоқ дода наметавонад. Агар мард ба зани хеш гӯяд: «Худатро талоқ деҳ», дар ин сурат ҳам, зан метавонад худашро талоқ диҳад, бо риояи шарти зикршуда.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД