Писари раис
Расул писари ягонаи хонаводаи сарватманде буд, падараш солҳои шӯравӣ раиси як совхози овозадоре буд. Дар хонаводаи раис шаш духтар ва як писар тарбия меёфтанд, онҳо ҳамагӣ бо баҳои аъло таҳсил мекарданду ахлоқи намунавӣ доштанд. Бо гузашти солҳо апаҳояш пайи ҳам мактабро хатм карданду ба донишгоҳҳо дохил шуданд, дар даст дипломи олӣ ҳамсафарҳои ҳаётии хешро вохўрда, хонадор шуданд. Расул низ ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи тиббии Маскав дохил шуд, акнун иттиҳоди шӯравӣ пароканда шуда буду падараш роҳи тиҷоратро пеш гирифт. Модараш ҳамоно дар мактаби деҳа ба муаллимӣ машғул буд…
Раиси Аҳмадро баъдҳо ба вазифаҳои баланд даъват карда бошанд ҳам, вале ӯ рад кард, тиҷораташ барор овард ва дар пойтахт хона харида, ба он ҷо кўч баст. Хонаву дарашро дар қишлоқ афтонда, ба ҷояшон хонаҳои дуошёна сохт. Чор духтари раис дар гўшаҳои гуногуни ватан ҳаёт ба сар мебурданд, танҳо дугоникҳояш Зебандаву Арзандаро ба писарони дугоники ҳамдеҳааш Тоҳиру Зоҳир хонадор карда буд. Домодҳояш тиҷорат мекарданду духтарон ҳарду табиби занҳо буданд. Нигоҳубини хонаи падарӣ низ дар вақти набудани волидайн бар души духтарҳо буд. Раиси Аҳмад аз зиндагии хеш розӣ буд, ў як умр ҳалол кор кардаву хизмати мардумро намуда буду ҳама дўсташ медоштанд.
Шоҳписар
Расул донишгоҳро хатм карду бо сари баланд ба Ватан баргашт, ў шикастабанд буд ва бо исрори падар дар шаҳр монда, ба кор оғоз кард. Чӣ қадар хешу таборон мехостанд, ки ин ҷавонмарди нозанин домодашон бошад, аммо муаллимаи Райҳон як шогирдашро барвақт зери чашм карда буд. Чун онҳо дастархон бардошта, ба хонаи Гулмади боғбон хостгорӣ рафтанд, азхурсандӣ худи ҳамон рўз ноншиканон карданд. Зармина хеле духтари сархаму меҳнатӣ ва дидадаро буд, домоду арўс ду моҳ дар деҳа истода, баъд ба шаҳр омаданд. Расул занашро ба донишгоҳ дохил кард, чун Зармина дар шуъбаи ғоибона мехонд, бештар дар хона ба корҳои хона ва хизмати хушдоман банд буд.
Аҷаб зиндагии шоистае доштанд ин оилаи тифоқу дўст, вале бемории даҳшатноки “ковид” омаду аввал келину хушдоман, баъдтар падари хонадон бемор шуданд. Расул хизмати се тан азизашро мекард, аз ин беморӣ танҳо Зармина раҳоӣ ёфт, вале кўдаки батнашро аз даст дода буд. Гиряҳо дар сӯги падару модари азизи хонадон танҳо баъди ду сол каме паст шуд. Зармина, ки акнун донишгоҳро хатм мекард, бо ҳидояти шавҳар дар як ширкати тиҷоратии хориҷӣ ба кор даромад. Озодӣ дар шаҳр ин духтараки деҳотиро тамоман дигар када буд. Ў ба мўйҳояш ранги зард молида, лабонашро ғафс карду мижгонҳои дароз шинонд. Домани кўтоҳу ҷинсу либоси варзишӣ ҷузъи асосии гардероби ў буданд. Расул дар Маскав таҳсил карда буду ин ҳамаро як амри табиӣ медонист, аммо аз чашми хоҳаршўйҳо ин тағйироти аҷиб пинҳон намонд ва онҳо янгаашонро насиҳат карданд, ки “ин гуна афту башара хуб нест, либоси замонавӣ ҳам ҳадду андоза дорад”, Зармина гапро бо ханда бурда, “мо дар асри бисту як зиндагӣ мекунем” гуфту монд.
Мусибат
Аҳли ин оилаи бузург баъди марги падару модар ба зӯр ба худ омада буданд, ки Расул ба садама гирифтор шуд. Баъди табобатҳои зиёд ва талошҳои табибону кӯшишҳои апаҳояш ў ба по хест, вале нобино шуд. Баъди нобино шудани шавҳар, Зармина танҳо як сол тоқат кард, баъд ба суд аризаи ҷудошавӣ навишту сару либосашро гирифта, аз хонааш баромад. Баъди як моҳ дар деҳа овоза шуд, ки Зармина ба як турк хонадор шуда, ба Туркия рафтааст. Мардум мегуфтанд, ки аҳволи Расул чӣ мешавад, онҳо гумон доштанд, ки марди оҷиз ё худкушӣ мекунад ё майхора мешавад, аммо ин тавр нашуд.
Нисо ХОЛИД