Замирамоҳ се сол қабл аз хона баромада, бе ному нишон ғайб задааст. Наздиконаш баъди гум гаштани Замирамоҳ ба мақомот муроҷиат намуда, ҳар лаҳза интизори онанд, ки занги телефонӣ мешаваду аз Замирамоҳ хабари пайдо гаштанашро мешунаванд, аммо...
РВКД хабар додааст, ки шаҳрванд Ҳайдарова Замирамоҳ Файзалиевна соли таваллудаш 23.06.1991, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ буда, саннаи 28 декабри соли 2017 аз хонаи истиқоматиаш баромада, ба самти номаълум гум шудааст.
Аз саннаи мазкур то инҷониб тамоми қувваю воситаҳои мақомоти корҳои дохилӣ барои дарёфти шаҳрванд Ҳайдарова Замирамоҳ сафарбар карда шуда, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.
Бо истифода аз фурсати муносиб Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон ва ҳамватанон дар дохилу хориҷи кишвар эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар ҳолати ягон маълумот доштан оид ба мавзеи будубоши ҷавонзани 29 сола Ҳайдарова Замирамоҳ Файзалиевна ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе хабар диҳанд.
Нишонаҳои зоҳирии шаҳрванд Ҳайдарова Замирамоҳ: қадаш 160 см; мӯи сараш зард (ҳангоми аз хона баромаданаш) ва эҳтимол аст, ки тағйир ёфта бошад; абрувонаш сиёҳ; бинӣ, лаб ва гушҳояш муқаррарӣ.
Телефон барои иртибот: 22-15-42 (факс); 221-00-57; 236-22-38; +992-904-01-00-02, +992-901-10-55-75.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе