Formula novemver 2024
Заминҷунбӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?
5786

Вақтҳои охир тез-тез заминларзаро хоб мебинам. Дар хобам хонаҳо бар асари заминҷунбӣ вайрон шуда, одамони зиёди ваҳшатзада доду фиғон мекашанд ва тарсида бедор мешавам. Ростӣ, сахт дар ҳаросам ва мехоҳам донам, ки таъбири хоби ман чист.
Меҳринисо, аз Ёвон.

Посух
Хоҳари азиз! Мувофиқи хобномаҳои исломӣ заминларза дар хоб бонги хатар буда, аз сар задани ягон ҳодисаи бузург дар дунё ва ё дар ҳаёти худи шахси хобдида дарак медиҳад. Худованд ба василаи чунин хоб бандаашро аз сар задани ягон ҳодиса огоҳ кардан мехоҳад, то ки эҳтиёткор бошад ва барои муҳофизати худ ва пайвандонаш ягон чорае биандешад.

Таъбири хоб ба он вобастагӣ дорад, ки шахс мушаххасан чӣ хоб мебинад. Одам хоб бинад, ки дар ягон кишвар заминларза шудааст, ба эҳтимоли зиёд дар он сарзамин ягон офати табиӣ сар мезанад, яъне обхезӣ ё баръакс хушксолӣ шуда, мардумаш ранҷу азоб мекашанд.

Зани ҳомила хоб бинад, ки замин ҷунбида истодааст, ин фоли нек буда, соҳиби фарзанд хоҳад гашт, вале арӯс заминларзаро хоб бинад, шавҳараш ба ӯ хиёнат мекунад ё байни зану шавҳари ҷавон аз рӯйи рашк ҷангу ҷанҷоли сахт сар мезанад.

Мард хоб бинад, ки заминҷунбӣ шуда, дару девори манзилаш сахт такон хӯрда истодааст, ин чунин маъно дорад, ки касе дар хонаи ӯ ба зинокорӣ машғул аст ва Худованд аз ин сахт дар ғазаб гаштааст. Чунин хоб ҳамчунин ба беморӣ ё сар задани ягон ҳодисаи нохуш дар ҳаёти яке аз афроди аҳли ин хонавода, бародар ё дӯсти наздики шахси хобдида ишорат карда метавонад.

Шахс хоб бинад, ки аз тарси заминларза худаш сар то ба по ларзида истодааст, чунин хоб хосияти хуб надорад.
Одам хоб бинад, ки заминларза шудааст, вале манзили ӯ нею хонаи каси дигар қисман ё пурра вайрон шудааст, шахсе, ки хонааш вайрон шуда буд, ба ягон фалокат ва ё бемории сахт гирифтор шуда мемирад, вале хоб бинад, ки манзили худаш вайрон шуда истодааст, байни ӯ ва ҳамсараш ҷанҷоли сахт ба вуҷуд меояд ва боиси вайроншавии оила гашта метавонад.

Шахси хобдида дар ин ҳолат бояд ҷиддӣ ба ҳаёти худ назар намуда, кӯшиш кунад, ки тамоми нофаҳмиҳои дар хонаводааш мавҷуд бударо бо хушӣ бартараф намуда, бо ғамхорию меҳрубонӣ дили ҳамсарашро ба даст оварад ва оилаи худро аз вайроншавӣ эмин дорад. Дар сурати аҳамият надодан ба сари шахс бадбахтӣ омада, баъдан аз он ки фурсатро аз даст дод, сахт пушаймон мешавад.

Хоб бинед, ки заминларза шудааст, вале ягон хона вайрон нашудаву касе зарар надидааст, эҳтимол хабари нохуше ба гӯшатон мерасад, ки ба ягон хеши дур ё дӯсти пештараи шумо дахл дорад.

Хоб бинед, ки бар асари заминларза хонаҳо вайрон шудаанду шумо шахсеро аз зери харобаҳо бароварда истодаед, ин маънои пайдо шудани рахна дар муносибатҳои ошиқона ё заношавҳариро дорад. Шахсе, ки чунин хоб мебинад, бояд ба ҷуфти худ як имконият-шанси дигар диҳад, то муносибатҳои харобгаштаашон дубора барқарор шаванд.

Домод ё арӯси нав хоб бубинад, ки заминларза манзилашро вайрон кардааст ва бо сад ранҷу азоб аз зери вайронаҳои бино ҷуфташро кашолакунон бароварда истодааст, касе дар бораи ин ҷуфти ҷавон овозаи нохуш паҳн мекунад ё бо туҳмату иғвои оилаи онҳоро вайрон кардан мехоҳад.
Модар, агар хоб бинад, ки кӯдакашро баъди заминларзаи сахт аз зери харобаҳо бароварда истодааст, бояд нисбати фарзанди худ бодиққат ва бисёр эҳтиёткор бошад, зеро чунин хоб аз гирфтор гаштани тифл ба ягон бемории вазнин, садама ё ҳодисаи нохуш дарак медиҳад.

Мард хоб бинад, ки бар асари заминларза манзилаш вайрон шудааст ва ӯ аҳли оилаашро аз зери харобаҳо бароварда истодааст, дар хонааш ҷангу ҷанҷоли сахт ба вуҷуд меояд ва танҳо ӯ метавонад оилаашро аз парокандагӣ наҷот диҳад.
Духтари ҷавон заминларза хоб бинад, бояд дар муносибат бо мардон эҳтиёт бошад, зеро чунин хоб ба ҳомиладории ғайри интизор далолат менамояд.

Зан ё духтари муҷаррад хоб бинад, ки заминларза сар зада, чи гуна аз зери пояш рафтани заминро ҳис мекунад, ӯро интихоби сахте дар пеш интизор аст ва бояд байни ҷавони дӯстдоштааш ва шахсе, ки барояш хеле азиз аст (падар, модар, бобо, бибӣ ё дугонаи наздикаш) аз ду якеро якеро интихоб намояд.

Ногуфта намонад, ки заминларза дар хоб ба тарс алоқамандӣ дорад ва баъзан асабоният ва ҳаросҳои дохилии инсон, ки дар майнааш амиқ ҷо шудаанд, боиси дидани чунин хоб мегардад.

Таъбиргарони хоб бар он ақидаанд, ки заминларза аз бадбахтӣ ва санҷишҳои хеле ҷиддӣ дар ҳаёти кас (нохушӣ дар оила, ронда шудан аз кор, марги шахси наздик ва ғайра) дарак медиҳад ва шахсеро, ки чунин хоб мебинад, имтиҳони сахти зиндагӣ дар пеш аст, аммо дар сурати сабр кардан бо имдоди Худованди меҳрубон аз ин имтиҳонҳо бо сари баланд мегузарад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
Абубакр 2023-05-01, 23:30
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракату
Посух
Абубакр 2023-05-01, 23:32
Замини шура дар хоб чи маъно дорад?
Посух
Аҳмад сано 2023-08-19, 15:13
Хоб мебинам бади намози бомдод ки дар мошин падарам савор ҳастем ман модарам хоҳарам ва додарам аммо мошин рафтесаи аммо ронанда надорад дар пеш додарам хаст аммо мошин бе ронандаи мошин рафтесем аммо дар пеши мо як мошин аврия мегава мошинҳо бо ҳамдигар мезананд аммо мошин ки мо дар дарунаш ҳастем якчода меиста мошин хичиш намешава бо ки мо аз мошин мебароем дар назид хонамон истодаги ҳастим пеши мошинлп тамошо дори болотпраки хонамонда мошин чап шидесан аммо мошин мо соз ҳаст бад ки аму мошинҳоро тамошо дорем заминларза сар мешава чунон сахт мечунбад ки ман аз ҳамон заминларза натарсидам вакт калима арза кардам ва ла ҳавла вале кувват ила била бисёр гуфтам ва аз хоб хестам таъбири хоби ман чи боша ман духтари мучарадам
Посух
Назмият Абдулалишо 2023-10-24, 06:43
Ма хоб дидам, ки заминларза шудаю хамаи домхои бадандошена болои сари доми мо афтиданд, лек хеч кас зарар надид
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(4)
Абубакр 2023-05-01, 23:30
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракату
Посух
Абубакр 2023-05-01, 23:32
Замини шура дар хоб чи маъно дорад?
Посух
Аҳмад сано 2023-08-19, 15:13
Хоб мебинам бади намози бомдод ки дар мошин падарам савор ҳастем ман модарам хоҳарам ва додарам аммо мошин рафтесаи аммо ронанда надорад дар пеш додарам хаст аммо мошин бе ронандаи мошин рафтесем аммо дар пеши мо як мошин аврия мегава мошинҳо бо ҳамдигар мезананд аммо мошин ки мо дар дарунаш ҳастем якчода меиста мошин хичиш намешава бо ки мо аз мошин мебароем дар назид хонамон истодаги ҳастим пеши мошинлп тамошо дори болотпраки хонамонда мошин чап шидесан аммо мошин мо соз ҳаст бад ки аму мошинҳоро тамошо дорем заминларза сар мешава чунон сахт мечунбад ки ман аз ҳамон заминларза натарсидам вакт калима арза кардам ва ла ҳавла вале кувват ила била бисёр гуфтам ва аз хоб хестам таъбири хоби ман чи боша ман духтари мучарадам
Посух
Назмият Абдулалишо 2023-10-24, 06:43
Ма хоб дидам, ки заминларза шудаю хамаи домхои бадандошена болои сари доми мо афтиданд, лек хеч кас зарар надид
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД