Имрӯз, субҳгоҳон дар қаламрави ҷумҳурӣ боз заминларза ба вуҷуд омад.
Тибқи маълумоти Пажуҳишгоҳи геология, сохтмони ба заминларза тобовар ва зилзилашиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, зминларза субҳи 13 декабр, соати 06:50 ба вақти маҳаллӣба вуқуъ пайвастааст. Маркази офати табиӣ ҳамагӣ 14 километр ҷанубтари шаҳри Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир шуда, шиддати заминларза дар марказаш, тибқи ҷадвали Рихтер, 3 балл ва дар Душанбе 2,5 баллро ташкил додааст. Хушбахтона ин офати табиӣ ягон хисорот ва талафоту осеб ба думбол надошт.