arzon replenishment
Заминларза ва лағзиши тарма дар ВМКБ
293

 

 

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар заминларза ва лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст. Бар асари ин ҳодисаҳо талафоти ҷониву хисороти дигар сабт нашудааст.

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар бо истинод ба гузориши Хадамоти геофизикии АМИТ хабар дод, 3-юми марти соли 2024 соати 12:05 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шудааст. Маркази ин заминларза 460-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 20-километрии ҷануби ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон будааст.

Қувваи ин заминларза дар маркази он 3 балл ва дар қаламрави ноҳияи Мурғоб 2 баллро ташкил додааст.

Инчунин, 2-юми марти соли равон тахминан соати 18:22 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 21-уми роҳи мошингарди Рӯшон-Бартанг, ки аз ҳудуди рустои Ҷизеви ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшон мегузарад, тарма роҳро бастааст.

Барои рафъи паёмадҳои ин офати табиӣ кормандон ва техникаи хадамоти роҳи ноҳия ҷалб карда шудаанд. Дар натиҷа рӯзи 3-юми марти соли равон соати 15:04 дақиқа ҳаракати мошинҳо ба ду самт таъмин гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД