Шаби гузашта дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба вуҷуд омада, шиддати он дар кишварҳои ҳамсоя низ эҳсос карда шуд.
Тавре ки манбаҳои интернетӣ менависанд, заминҷумбӣ тахминан соатҳои 3.44, ҳангоми саҳархӯрак кардани мардуми мусалмон сар задааст.
Маркази заминларза ба иттилои Агентии иттилоотии REGNUM дар 170 километрии қисмати шимолу шарқи шаҳри Душанбе ва 172 километрии қисмати ҷанубу шарқи шаҳри Хуҷанд вқеъ буда, қаъри сарчашмаи заминҷумбӣ тахминан 60 километрро ташкил мекард.
Бар асари заминзарлаи дар Тоҷикистон бо магнитудаи 5.0 ба вуқуъ пайваста дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ заминҷумбӣ эҳсос шудааст, ки шиддаташ 2-3 балро ташкил мекард.
Дар бораи оқибатҳои заминларза ҳанӯз ахбори дақиқе вуҷуд надорад.